Шарифмоҳ Абдулҳаёва муваққатан дар шаҳри Ҳисор зиндагӣ мекунад ва соҳиби чор фарзанди ноболиғ аст.
Ӯ ҳанӯз 4 сол дошт, ки модараш аз дунё гузашт ва Шарифмоҳи хурдакакро дар тарбияи як сокини Қизирқалъаи вилояти Хатлон доданд. Аз нақли Шарифмоҳ ӯро дар синни 16 солагӣ ба шавҳар доданд, вале бахти аввал омад накарду дубора бо марди калонсоле оиладор шуд, ки фарзанди калониаш ҳамсоли Шарифмоҳ қаҳрамони мо будааст. Дар умри 38-солаи худ азоби бехонагию дар ба дарӣ, гурӯснагию бесарпаноҳиро бо чор фарзандаш аз сар гузаронида истодааст.
Ӯро зарбаҳои зиндагӣ хеле азият додаву худро бепушту паноҳ меҳисобад.
Мақсади ба идораи “Оила” омадану бо тамошобинони сомонаи Оила муроҷиат карданаш ба хотири дастгирӣ ёфтанаш аст. Мо низ умед дорем, ки ин зани танҳо бо кумаку дастгириҳои шумо бо орзуи деринтизораш мерасад.
Қаҳрамони моро бо ин суроға пайдо карда метавонед.
№ корти Душанбе сити 5058270366005295
№ тел: +992 000-44-32-54