arzon replenishment
Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мешавад
6051

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд санаи 25-уми сентябри соли равон, соати 18:00 дар саҳни театри Хоҷа Камоли Хуҷандӣ бахшида ба Рўзи Хуҷанд консерт баргузор мекунад. Дар ин бора Маъмури Юсуфзод, роҳбари дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар дод.

Ба иттилои Юсуфзод, барномаи консертии мазкур бо иштироки сарояндаи маъруфи Русия - Согдиана, Ӯзбекистон - Бунёдбек Саидов, Нигина Амонқулова, Мубориз Усмонов, Ҷонибек Муродов, Нобовар Чиноров, Нодирабегим Усарзода, Донишманд Қутбиддинов, Анвар Қосимов, Сардорбек Солиев ва дигар ситораҳои маъруфи Тоҷикистон чорабинии идона баргузор мегардад.

"Ҳамчунин, дар чорабинӣ ансамблҳои рақсии «Зебо», «Ғаффор Валаматзода», «Гулноз» ҳунарнамоӣ мекунанд", - навишт манбаъ.

Бояд гуфт, ки дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати чорум аз 25 сентябри соли 2014, № 278 “Дар бораи тасдиқ намудани Рамзи шаҳр ва эълон кардани Рӯзи шаҳри Хуҷанд” Раҷаббой Аҳмадзода, собиқ раиси шаҳри Хуҷанд (ҳоло раиси вилояти Суғд) соли 2014 қарори таҷлили ин рӯзро дар ҳудуди шаҳр имзо карда буд.

Дар асоси ин қарори номбурда санаи 26 сентябр ҳамасола ҳамчун “Рӯзи шаҳри Хуҷанд” бо тантана таҷлил карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД