Домуллои муҳтарам. Мехостам дар бораи шӯстани сар дар рӯзҳои корӣ, махсусан сешанбе маълумоти пурра диҳед. Чунки аксарият мегӯянд, ки дар баъзе рӯзҳои ҳафта он мамнӯъ аст. Аҳ нуқтаи назари динӣ мегуфтед, ки дар рўзи сешанбе сар шустан ҷоиз аст?
Юсуф
Посухи намояндаи Раёсати Фатвои ҶТ
Бародари азиз, шустушў кардан дар рўзи сешанбе ҳеҷ монеъе надорад, зеро назофату покӣ аз ҷумлаи талаботи ҳатмии шариат аст ва вақти муайян надорад. Дар давоми ҳафта ҳар гоҳе ки лозим шуд, як бор шустани сару тан бар ҳар фарди мусулмон лозим аст, анҷом додани ин амал дар рўзи ҷумъа беҳтар аст.