formula55
Рӯзи омадани Роналду ба Душанбе маълум шуд
1036


Рӯзи 5-уми декабр, соати 21:00 тими «Истиқлол» (Тоҷикистон) бо «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе вориди рақобат мешаванд.

Дар назар аст, ки ситораи футболи ҷаҳонӣ Криштиану Роналду ба Душанбе меояд ва дар бозӣ муқобили “Истиқлол” бозӣ мекунад. Албатта, ин фурсат ва ин лаҳзаро ҳаводорони футболи тоҷик бесаброна мунтазир буданд ва ниҳоят орзуяшон ҷомаи амал пӯшид. Пас ҳама якҷоя Роналдуро дар Душанбе ва Тоҷикистони биҳиштосо меҳмондорӣ мекунем!

Рустам Ҳакимов, сухангӯи «Истиқлол», гуфтааст, ки омадани аъзои дастаи «Ал-Наср» ба Душанбе рӯзи 4-уми декабр дар назар аст.
“Ҳамаи аъзои «Ан-Наср» барои сафар ба Тоҷикистон виза гирифтаанд. Дар рӯйхат номи Криштиану Роналду низ ҳаст.

Умедворем, ки капитани «Ан-Наср» дар ҳайати дастааш дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ба майдон меояд ва мухлисони футбол бозии ӯро аз наздик тамошо мекунанд”,- шарҳ дод Ҳакимов.
Ёдовар мешавем, ки бозии даври дуюми мусобиқот миёни “Ан-Наср” ва “Истиқлол”, ки 2-юми октябр дар варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк»-и шаҳри Риёз баргузор шуд, бо ҳисоби 3:1 ба нафъи мизбонон хотима ёфт. Ин бозиро тавассути телевизион беш аз 200 миллион тамошо карданд, ки ин дар таърихи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё рекорди ягона аст.
Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Ан-Наср” бо 13 имтиёз дар мақоми аввал аст.

Саудиҳо пешакӣ ғолиби гурӯҳ шуда, ба плей-офф роҳ ёфтанд. “Персеполис”-и Эрон бо 8 имтиёз дар зинаи дувум мебошад. “Ал-Дуҳайл”-и Қатар бо 4 имтиёз дар зинаи сеюм буда, “Истиқлол”-и Тоҷикистон бо 2 имтиёз дар ҷойи охирин қарор дорад. “Ал-Дуҳайл” ва “Истиқлол” аз ҳаққи идомаи сабқат дар даври баъдӣ маҳрум шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД