Дар Аврупо бисёриҳо рӯзи 13-уми ҳар моҳро рӯзи наҳс арзёбӣ мекунанд. Мегӯянд, ки дар дини Ислом ҳам ҳар як рӯз хислату хосияти худро дорад. Мехостам фаҳмам, ки рӯзҳои наҳс дар Ислом кадом аст?
Сафарбек, н. Восеъ.
Посухи домулло Ҷамлиддин Хомӯшӣ
Ҳар рӯз рӯзи Худованд аст. Дар ислом рӯзҳои наҳси махсусе, ки шумо дар назар доред, вуҷуд надорад. Вақте инсон рӯзеро ба маъсият мегузаронад, он барои худи ҳамон шахс рӯзи наҳс аст, на барои омма. Рӯзҳое, ки инсон ба тоату ибодат мегузаронад, мисли ид ҳастанд. Рӯзҳои Худованд дуруст аст, ки ҳар яке хосияти худро доранд, вале ин хосиятҳои нек ҳастанд.