arzon replenishment
РӮЗИ МАҲШАР
7844

 

Он шаб одамон дар хоби ноз буданд. Кӯчаҳои деҳа хомӯшу бесадо буданд, танҳо гоҳ-гоҳ овози чирчиракҳо сукути шабро халалдор мекард. Баногоҳ садои аккоси сагҳо баланд шуд ва аз як гӯшаи қишлоқ овози таҳлукаомези мардона баланд шуд: «Касе месўзад! Кассе худашро оташ задааст? Касе гирд-гирди мазори деҳа фиғонкашон медавад…

Ин садои пуртаҳлука дар як дам нисфи деҳаро бедор кард. Мардон фанарик дар даст «кадом бадбахт худашро оташ зада бошад» гӯён, ба сӯйи мазор медавиданд….

Ниҳол, худашро куштааст, ҳамон Ниҳоле, ки бедомод шавҳар намуда, таънасори мардум гашта буд. Бале, ҳамон Ниҳоле, ки шаб ба ҷойгаҳаш се ҷавон даромада бадномаш намуда буданд. Ўро гапи мардум кушт, духтари ҷавон ба ҷонаш ҷабр кард. Назди модараш рафт мегуфтманд кампиракони деҳа.

Ҷасади сухташударо зуд ба бемористони ноҳия бурданд, аммо дар даромадгоҳи беморхона ҷони ҷавони духтарак аз даст рафт.  

Ишқи кўдакӣ

Ниҳолу Ёсин аз як деҳа набошанд, ҳам аз хурди ҳамдигарро мешинохтанд. Ёсин дар хонаи холааш, ки ҳамсояи Ниҳолино буд, мезист. Падару модари Ёсин дар шаҳр истиқомат мекарданду барои ба корҳои холааш кўмак намудан Ёсинро ба деҳа ба хонаи холааш оварда буданд. Холаи Ёсин ҳамсояи дар ба девори Ниҳолино буд ва Ёсин зуд-зуд дар хонаи холааш меҳмон шуда, билохира ба деҳа ва одамонаш оддат карда монд. Дигар бо падару модараш ба шаҳр рафтан намехост. “Ман писари холаам мешавам ва маро маҷбур ба шаҳр набаред”- гуфта гиря намуд. Волидони ғамхор дилашон ба ў сўхту ҳуҷҷатҳояшро аз шаҳр ба деҳа оварданд, то таҳсилашро дар мактаби деҳа идома диҳад. Ёсину Ниҳоли хурдсол бо ҳам лойбозиву мошинчабозӣ мекарданду дар айёми хушиҳои кўдакияшон меболиданду шодӣ мекарданд, вале бехабар аз бозиҳои тақдир. Якҷо ба мактаб мерафтанду дар як миз нишаста, дарс мехонданд. Дарсҳояшонро ҳамеша якҷо тайёр намуда бо ҳам зуд-зуд саволу ҷавоб мекарданд. Муаллимони мактаб аз дониши баланди онҳо қаноатманд буда, дар ҳама чорабиниҳо Ниҳолу Ёсинро ба шеърхониву маҳфилороӣ даъват менамуданд. Бо мурури замон онҳо калон шуданду мактабро хатм карданд. Тамомшавии мактабро рўзҳои башумор монда буд, ки рўзе Ёсин дасти Ниҳолро тоб дода, ба замин афтонд. Духтар аз ҷояш бархоста шапотии обдоре ба рўи Ёсин заду зуд забонашро газида узр хост. Ёсин рўяшро дошта, бо ў гап задан нахост. Духтар аз мактаб то роҳрави хона аз ў узр прсида омад, вале ҷавон бо як шарт туро мебахшам гуфт. Духтар зуд ба шарти ў гўшу ҳуш шуд. «якбор бигўй, ки дўстат медорам»-баъд онвақт туро мебахшам. Ниҳол шармида гуфт: туро дўст медорам, аммо.... ҳамчун дўст». Нашуд хитоб намуд ҷавон: “ то нагўи, ки ҳамчун дилдода туро дўст медорам туро намебахшам “ илова намуд Ёсин. Гуфта наметавонам, охир то имрўз ин суханро ба ту гуфтан мехостам, вале метарсидам, ки ту инро чӣ гуна қабул мекунӣ. Онҳо ба чашми якдигар дида дўхта зуд ҳамдигарро ба оғўш кашиданд. Ишқи кўдакӣ буд ишқашон ва ин ҳама бозию шўхиҳои бачагонаашон, ба муҳаббат табдил ёфту онҳо хурсанду шод ба хонаҳояшон даромаданд. Ёсин агар ҳафтае як маротиба дилдодаи худро намедид, ғамгин мешуд. Ниҳол низ ҳамчунин, вале аз хунукназарии моиндараш сахт метарсид.

Модараш барвақт онҳоро тарк намуда буд, чунки бемории саратон дар ҷавонияш аз байн бурда буд. Солҳо падари танҳояш мотам гирифта, билохира бо маслиҳати бародаронаш бо як зани бефарзанд оиладор шуд. Он зан аз рўзи аввал Ниҳолро ситам медоду мепучиду мезад. Падар аз ин корҳои зани бадолаш бехбар буд. Ниҳолро як сў азоби моиндар азоб медоду аз сўи дигар ишқи Ёсин. Билохира овои дилашро Ёсин шуниду онҳо ба ҳамдигар қавл доданд, ки то охирин нафас ҳамдаму ҳамрози якдигар мемонанд. Ҳамаи ҳамсинфонашон дар фикри ба донишгоҳҳои олӣ дохил шуданро карданд. Ниҳолу Ёсин ҳам қатори дигар хатмкунандагон ба мактаби олӣ ҳучҷат супориданд. Рўзи имтиҳонсупорӣ оғоз ёфту довталабон дар толори тестӣ ҳозир шуданд. Аз баски ҳарду дилдода як донишгоҳро интихоб намуда буданд бо маслиҳати якдигар саволҳоро навишта ба берун баромаданд. Рўзи баҳофаҳмӣ ба ҳавлии донишгоҳ омаданд. Қатори номҳои гузаштагон номи ин ду нафар набуд. Ёсин аз имтиҳон афтиданашонро дида, бо муаллимон ҷанҷол бардошт, вале кассе ўро шунидан нахост. Марде, ки писарашро онҷо мебўсид ба инҳо назар карда гуфт: “Агар шумо ҳам мисли мо ба устодон пул медодед, онҳо шуморо мегузарониданд”. Бо шунидани ин сухани нешдор Ёсин якбора девона гашта, ҳарду бо сари хаму чашмони пурнам ба деҳа баргаштанд. Ҳамсинфонашон ба ҳолашон механдиданд. Басаводони мактаби мо аз имтиҳон нагузашта баргаштанд мегуфтанд бачаҳои деҳа. Ёсин бо кадоме аз онҳо сар ба сар шуданро намедонист. Ниҳолро моиндараш, ки донишҷў шуданашро намехост аз дар даромадан баробар қаҳ-қаҳзанон ханда намуда афзуд: «босаводам, зуд аз имтиҳон мегузараму ҳамаро қоил мекунам гуфтанат куҷо шуд»-мегуфту як алами духтарро сад алам мегардониданд дугонаҳояш.

Ёсин муддате дар як корхонаи санъоати кор кард. Ў субҳ ба кор мерафту бегоҳ ба деҳа баргашт. Волидонаш ўро писари холааш шудааст, ки дигар ёди мо намекунад гуфта ба ҳоли худаш гузоштанд. “Бо пули ватан ба ҷое намерасам” гуфта як шав аз холааш иҷозат гирифт, ки то сади роҳаш нашаваду бимонад, ки русия пулкоркунӣ биравад. Холааш он шаб падару модари Ёсинро ба хонааш таклиф намуд. Онҳо як ҷоя нишаста дуо доданд. Барои ёфтани маблағи зиёд ба “Русия мераваму ду сол пас баргашта, бо азизи дилам хонадор мешавам” гуфт. Ҳама аҳли оилаашон аз ишқи писарашон огоҳ буданд. Ёсин пеш аз бо сафар ба дилдодаи худ хайрухуш намуда, қавл дод, ки дар он ҷо пул кор карда, бармегардад ва бо тўю тамошо ба хонаи бахташ мебарад. Панҷ шаш моҳи аввал рўздармиён ба дилдодааш занг мезад, изҳори муҳаббат мекард, нома менавишт. Як сол гузашту дигар аз ў на занг меомаду на пул. Нома ҳам наменавишт ва аз худ дарак намедодагӣ шуд. Духтари дар муҳаббат вафодор, ба ишқи вай ғуломвор месўхт. Ниҳол ба мисли дигар ошиқони шайдои пазмони дидори маҳбуб ва ё маҳбуба бедор буд. Вай дар бистари хоб аз як паҳлу ба паҳлуи дигар мисли мори печон тоб мехӯрду хобаш намебурд. Охир, симои ошиқаш ўро ором намегузошт. Болинаш аз гиря тар шуда буду сири дилашро ҳамеша аз моиндару падараш пинҳон мекард. “Оҳ, Ёсин, дар инқадар солҳо моту маҳбутам кардиву дар ин лаҳзаи ҳасос худатро аз барам дур сохтӣ”- мегуфт мегирист.

Ба хонаашон хостгорҳо меомаданду мерафтанд. Ҷавоби духтар фақат рад кардан буд, зеро ҷавони дигар ба дилаш намеғунҷид. Ин рафтораш падари меҳрубонашро азоб медод. Падаре, ки Ниҳолро аз хурдӣ бе модар калон карда буд, ҳардам аз ў чи сир доштанашро пурсон мешуд. Хомўш буд ва ба кассе сирри дилашро намекушод. Моиндар аз ин хомўшии духтар истифода бурда, овоза мекард, ки Ниҳол нодухтар асту аз ҳамин сабаб аз шавҳар кардан метарсад.

Баъдин ин суханҳо таънасории мардум сар шуд. “Барои он писари маро нагирифт, ки ў духтар нест. Рост мегўи Гулшан ба писарам хостгорӣ рафтам, духтар намегирам гуфт. Ў чи балое дорад”- мегуфтанд роҳгузарони деҳа. Ниҳол гўшҳояшро бо дастонаш зер карда, аз пеши онҳо дур мешуд.

Духтарам чаро умратро хазон мекуниву маро азоб медиҳӣ. Наход аз даҳ понздаҳ хостгор одамоне, ки ба умед бадарамон омадаанд, ягонтоашонро лоиқу муносиб надониста бошӣ. Агар ягон дилдода дошта бошӣ бигўй, ман хости дилатро мекунам, то ки рўҳи раҳматии модарат шод шавад, боре дар танҳои ба духтараш таъкид кард амаки Қаюм. Ниҳол боз ҳам хомўш буд, ба даҳон об гирифтагӣ барин ҷурати арзи дил кардан надошт. Рўзу ҳафта ва моҳхо пайи ҳам мегузаштанду аз дўстдоштаи бевафояш хабаре набуд. Ниҳол чун ҳамешагӣ дар бораи хонадоршавӣ ба касе чизе намегуфт. Дигар барояш муҳим набуд, ки мардум чи гапҳо дар ҳақаш мегўянд. Муҳим он буд, ки Ёсинро бояд фаромўш кард. Дар тўйи як хешашон, ки дар шаҳри Душанбе мегузашт рафт. Дар онҷо бо духтаре шинос шуд, ки нияти ба мактаби олӣ дохил шуданро дошт. Дар вуҷуди Ниҳоли аз ғами ишқ ҷигарсўхта якбора меҳри хондан ҷой гашт. “Мехонаму ҳама корҳои кардаи он номардро фаромўш мекунам”- гуфта мушт бар сина зад. Ин дафъа нияти дар мактаби олӣ хонданашро аз падар иҷозат гирифт. Падар, ки барои вай аз хурди меҳри падариву модариро дода буд, шанси дуюм дод,то босаводаш дохил шавад. Ҳатто аз ин қарори духтараш хурсанд шуд. Ҳарчанд сину солаш аз ҳамдарсонаш калон буд, вале бо шавқу завқи ҷавонӣ мехонаду дар корҳои чамъияти фаъолона иштирок мекард. Чусту чолокиӣ ва ташкилотчигияшро ба назар гирифта, раиси шўърои духтарони факулта интихоб намуданд. Масъулияташ боз гаронтар шуд. Шояд андармони хондану корҳои ҷамияти буд, ки ишқу ошиқиро фаромўш кард. Дар маҳфилу маҷлисҳо гули сари сабад, роҳнамову маслиҳатгарӣ духтарон буд.

(давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД