Иди саиди Рамазон имсол дар кишвар рӯзи 10-уми апрел баргузор мегардад. Дар ин бора аз Кумитаи дин хабар доданд.
Ба иттилои манобеи мо, намози ид дар тамоми масоҷиди ҷумҳурӣ соати 6:30 муайян карда шудааст.
Дар ин бора имрӯз дар ҷаласаи навбатии Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул гардид. Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии кишвар гуфт, ки мувофиқи ҳисоби илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Иди саиди Рамазон дар кишвар ба рӯзи 10-уми апрел рост меояд.
Инчунин, тибқи қарори Шӯрои уламо, намози ид дар тамоми масоҷиди ҷумҳурӣ соати 06:30 муайян карда шудааст.
Дар асоси қарори мазкур имомхатибон вазифадор карда шудаанд, ки таваҷҷуҳи мардумро барои расонидани кумаки моддӣ ба муҳтоҷону ниёзмандон, инчунин пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ ҷалб намуда, худашон дар ин самт намунаи ибрати дигарон бошанд.