arzon replenishment
РӮЗИ ИДИ РАМАЗОН АНИҚ ШУД!
1574


Ҳар сол чун даҳаи охири моҳи мубораки рамазон фаро мерасад, мардум дар тараддуди иди саиди фитр афтода, аз паси тамиз кардани манзили худ ва дар фикри дастурхони идона меафтанд. Азбаски дар Тоҷикистон иди рамазон аз дигар кишварҳо як рӯз пеш ё баръакс як рӯз қафотар таҷлил мегардад, мардуми тоҷик бесаброна интизорӣ мекашанд, ки кай рӯзи иди фитрро эълон менамоянд.

Имсол шӯрои уламо чаққонӣ карда, санаи иди рамазонро як ҳафта пеш аниқ кард.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Иди Рамазонро расман 13-май эълон кардааст. Дар ин бора Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин дар саҳифаи фейсбукияш маълумот додааст. Тибқи қарори Шӯрои уламои кишвар намози ид соати 6:00 муқаррар шудааст.

“Шахсоне, ки молашон ба нисоб расидааст, метавонанд закоти худро дар баробари фақирону ниёзмандон ба хонаводаи шаҳидоне, ки дар роҳи муҳофизати марзу буми Ватан қурбон шудаанду оилаҳои онҳо бесаробон мондааст, бидиҳанд”, - омадааст дар қарори шӯрои уламо.

Имсол маблағи ҳаққи аъзогии масоҷидҳои ҷомеъ аз ҳисоби ид 600 сомонӣ муқаррар шудааст ва он ба хазинаи Маркази исломӣ супорида мешавад.
Шӯрои уламо тамоми рӯҳниёни кишварро вазифадор намудааст, ки сарфаю сириштакориро дар байни халқ ташвиқ кунанд ва худашон намунаи ибрат бошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД