Натиҷаи имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ имсол 20- июл тариқи смс — паёмак ба довталабон эълон мегардад. Дар ин бора Маркази миллии тестӣ иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки аз 1 то 8 июл даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ барои довталабоне, ки дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ номнавис шуда буданд, доир гардид. Соли равон дар ин давра 95 ҳазору 276 довталаб номнавис карда шудаанд.