Бахшида ба “Рӯзи пойтахт санаи 16-уми апрел дар шаҳри Душанбе ниммарафони 12-ум баргузор гашта, роҳҳо баста мешаванд...
Тибқи иттилои ҳукумати шаҳр ниммарафон рӯзи 16-апрел аз соати 09:00 –и субҳ то 11:00 баргузор гашта, ҳаракати мошинҳо дар баъзе кӯчаҳои пойтахт, аз ҷумла аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то гардиши Чорбоғ ва бозгашт аз хиёбони Рӯдакӣ то майдони Исмоили Сомонӣ маҳдуд карда мешавад. Аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки аз роҳҳои алтернативӣ истифода баранд.
Тибқи маълумоти Кумитаи олимпӣ барои баргузории ин чорабинӣ аз сандуқи рушди пойтахт 611ҳазору 530 сомонӣ ҷудо карда шудааст. Дар ниммарафон варзишгарон аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва бародаршаҳрҳои Душанбе иштирок хоҳанд кард. Фонди ҷоизаи ниммарафони имсола 446ҳазору 160 сомониро ташкил медиҳад. Баргузории ниммарафон дар шаҳри Душанбе ба як анъанаи нек табдил ёфта, аз соли 2010 инҷониб ҳамасола дар рӯзи шанбеи ҳафтаи сеюми моҳи апрел бахшида ба “Рӯзи пойтахт” гузаронида мешавад.
Бори нахуст ниммарафони байналмиллалии Душанбе бо иштироки варзишгарони 14 бародаршаҳри Душанбе ва беҳтарин давандагони Тоҷикистон барпо гашта буд. Соли 2013 ниммарафони Душанбе бо тақвими бозиҳои Ассотсиатсияи байналмиллалии марафон ва дав ба масофаи дур доир гардид. Масофаи ниммарафони имсола 21 километру 97,5 мерро ташкил медиҳад. Барои бачаҳои 8-10 сола масофаи давидан 3км , барои 10-12 сола 5 км ва барои 12-15 сола 8 км муайян карда шудааст.
Барои ғобили ҷои аввал 54,6 ҳазор сомонӣ, ҷои дуюм 46,8 ҳазор сомонӣ ва ҷои сеюм 39 ҳазор сомонӣ мукофоти пулӣ пешбинӣ шудааст. Иштирокчиёни пойга, ки ҷойҳои чорум, панҷум ва шашумро ишғол менамянд, муттаносибан 31,2 ҳазор сомонӣ, 28,8 ҳазор сомонӣ ва 23,4 ҳазор сомонӣ мукофот дарёфт хоҳанд кард.