Мехоҳам рӯзаи нафл бигирам. Вале намедонам, ки нияти махсус дорад ё не. Мехостам фаҳмонед, ки тарзи нияти рўзаи нафл ва нияти рўзаи рўзҳои душанбе ва панҷшанбе чӣ гуна аст?
Ислом, хонандаи Оила
Посухи намояндаи Раёсати Фатвҷои ҶТ
Бародари азиз, рўзаҳои нафлӣ бисёр аст ва ҳар яке фазилати ба худ хос дорад. Рўза гирифтан дар рўзҳои душанбе ва панҷшанбе низ аз қабили рўзаи нафл аст ва аҷру савоби бисёр дорад. Дар ҳолати рўзаи нафл доштан ҳам то дамидани субҳи содиқ тановул кардан суннат аст. Тариқи нияти рўзаи нафл чунин аст: Ният кардам рўзаи нафл дорам аз субҳи содиқ то намози шом, холисан лиллоҳи таъоло.
Дар ин рўзҳо бо нияти нафл рўза гирифтан хуб ва боиси аҷру савоб аст. Тариқи нияти он чунин аст: Ният кардам, ки барои ризои Худо рўзаи нафл дорам.