Худованд ба одамони бемор, солхӯрда, занҳои ҳомила ё тифли ширмак дошта, мусофир ва нотавон иҷозат додааст, ки дар моҳи шарифи Рамазон рӯза нагиранд, вале баъзе касонеро мебинем, ки комилан солим ҳастанд, ягон узр надоранд, лек рӯза намегиранд. Магар қасдан дар ин моҳи муборак рӯза надоштан гуноҳ нест?
МАДИНА, ш. Ваҳдат
Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:
- Рӯза надоштан дар қатори намоз нахондан, зино кардан, падару модарро ҳурмат накардан аз гуноҳони кабира ба ҳисоб меравад. Касе, ки ин гуноҳро содир мекунад, дар пешгоҳи Парвардигор фардо мавриди иқоб қарор мегирад. Азизони Худо мегӯянд:
Надорӣ тоқати як захми сӯзан,
Наметарсӣ чаро аз сӯзи гулхан?
Касе, ки аз нигоҳи ҷисмонию равонӣ солим аст ва ягон узр надорад, бояд дар моҳи шарифи Рамазон рӯза бигирад.