formula55
Рӯйдодҳои рӯзҳои истироҳат (16-17 сентябр)
3378

Барои онҳое, ки давоми ҳафта ҳамагӣ 5 рӯз кор мекунанду рӯзҳои шанбеву якшанбе истироҳат, шояд ҳанӯз муаммо бошад, ки ин ду рӯзро чӣ гуна гузаронанд? Бо кори хона банд шаванд, ё ба фароғат?

Мо барои шумо феҳристи чорабиниҳои рӯзҳои 16 ва 17-уми сентябрро омода кардем. Шинос шаведу интихоб кунед, ки ба кадомаш меравед.

Чорабинии “Ozmoon” барои эҷодкорон

Рӯзи 16-уми сентябр дар "Кохи Суруш"-и шаҳри Душанбе як чорабинии ҷолиби тарбиявӣ доир мегардад, ки ба рушди ҷомеаи эҷодӣ нигаронида шудааст. Ин чорабинӣ коршиносони пешқадам дар соҳаҳои маркетинг, истеҳсоли видео ва тарроҳиро гирди ҳам меорад, то дониш ва таҷрибаи худро бо иштирокчиён мубодила кунанд.

Маърӯзачиён: Павел Ли, Шералӣ Ҷӯрабоев, Ҷамшед Ҷӯрабоев, Фирӯз Зайнидинӣ. Ҳамчунин, шуморо як барномаи ҷолиби мусиқӣ бо иштироки Daze ва Даниел Рустамов интизор аст.

Кай: 16 сентябр, соати 12:00

Дар куҷо: Кохи Суруш, к. Бохтар, 37/1

Нархи чипта: аз 75 сомонӣ оғоз меёбад

Алишер Файз дар Душанбе

Овозхони маъруфи эстрадаи ӯзбек Алишер Файз даҳсолаҳо боз бо эҷодиёти худ мухлисонро шод мегардонад. Дар репертуари ӯ хитҳои рақсии оташин, композитсияҳои лирикй дар бораи ишқ, сурудҳои ватандӯстона дар бораи Ватан дохиланд.

Кай: 16 сентябр, соати 18:00

Дар куҷо: “Амфитеатр” - и муассисаи давлатии Аҳорун, хиёбони Исмоили Сомонӣ.

Нархи чипта: аз 150 сомонӣ оғоз мегардад

Фестивали фарҳангии Корея дар Душанбе

Рӯзҳои 16-17 сентябр аз соати 11:00 то 20:00 ба майдони 800-солагии Москва, Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ Фестивали ҳарсолаи фарҳанги Корея доир мегардад.

Ташкилкунанда Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Биёед, ҷолиб хоҳад буд! Фестивал соати 11:00 ва консерт соати 18:00 оғоз мегардад.

 

Филми “Леди Баг и Супер Кот: Пробуждение силы”

Саргузашти ду мактаббача дар яке аз шаҳрҳои Франсия. Духтар Мариетт, ки ба писар Адриан ошиқ аст, аввалин ҳиссиёти муҳаббати худро эҳсос мекунад.

Аммо вай вазифаи муҳимтаре дорад: бо суперқаҳрамони Леди Баг табдил дода шавад, то бо бадӣ мубориза барад ва тантанаи адолатро дастгирӣ кунад. Шакли комили филмро дар кинотеатр тамошо кунед.

Кай: 16-17 сентябр, соати 13:20

Дар куҷо: Кинотетари “Премьер Зал"

Нархи чипта: 30-35 сомонӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД