Formula july 2024
РВКД Душанбе: Гуфтаҳои зани ҷабрдида тасдиқи худро наёфтанд
758

Нигина Султанова, як сокини шаҳри Душанбе аз латукӯби собиқ шавҳараш шикоят кардааст. Ин зан, ки гуфта мешавад, соли таваллудаш 1996 ва истиқоматкунанди шаҳри Душанбе мебошад, гуфтааст, ки ду сол боз аз тарафи собиқ шавҳараш латукӯб карда мешавад.

Ӯ дар бораи сабабҳои зарб хӯрдан ва шахсияти шавҳараш иттилое надодааст, вале гуфтааст, мехоҳад мисли дигарон дар тинҷиву осоиштагӣ зиндагӣ кунад ва хушбахт бошад.

Назари шавҳари ӯ ба ин қазия маълум нест.

Бо гузашти 1 рӯзи нашри ин мавод РВКД шаҳри Душанбе ба гуфтаҳои ин зан вокуниш карда, гуфт, муроҷиати мазкур зери назорати бевоситаи роҳбарияти милитсияи пойтахт мавриди санҷиш қарор гирифтааст, ки дар пайи он ҳамаи гуфтаҳои ҷабрдида тасдиқи худро наёфтаанд.

Милитсияи пойтахт аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ карда, гуфтааст, дар робита ба ин ҳодиса маводи зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди санҷиши холисонаву ҳамаҷониба қарор дорад.

Бояд гуфт, ки масоили хушунати хонаводагӣ аз ҷумлаи мушкилоти доғи кишвар аст ва ин қазия бори охир баъди муроҷити блогери шинохта Рухшона Раҳматуллоева, ки бо тахаллуси “Соффи” дар Инстаграм маъруф аст, доғ шуд. Бо гузашти 1 рӯз милитсияи пойтахт шикояти блогерро таҳқиқ ва Умед Раҳматуллоев, шавҳари 34-солаи ӯро боздошт кардаанд ва ӯ барои “ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” ҳафт шабонарӯз ҳабс шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД