Formula novemver 2024
Рустами Эмомалӣ вориди Доҳа шуд
480

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ вориди шаҳри Доҳаи давлати Қатар гардиданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Доҳа муҳтарам Рустам Эмомалиро шахсони мутасаддӣ пешвоз гирифтанд. 

Қаблан хабар додем, ки Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ, дар бозӣ миёни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Урдун, ки дар даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар шаҳри Давҳаи давлати Қатар бо ҳам рақобат мекунанд, иштирок мекунанд. 

Ёдовар мешавем, ки дар даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё мунтахаби Тоҷикистон бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб (1:1, 5:3 аз рӯи пеналтӣ) ғолиб омада, тими Урдун бар Ироқ (3:2) ғалаба кард. Бозӣ миёни Тоҷикистон ва Урдун соати 16:30 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки мизбони номиналии вохӯрӣ ба ҳисоб меравад, бо либосҳои сафед ва тими миллии Урдун бо либосҳои сурх ба майдон мебароянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД