Arzon march 2024
Рустами Эмомалӣ парда аз рӯяш кушод
371

 Раиси Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва ҳамзамон Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дирӯз дар доираи сафари расмиаш ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар маросими кушодашавии нимпайкараи асосгузори адабиёти кллассикии тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Донишгоҳи забон ва фарҳанги Пекин иштирок кард.

Бояд гуфт, ки Донишгоҳи забон ва фарҳанги Пекин яке аз қадимтарин ва бонуфузтарин муассисаҳои таълимии Чин ба шумор рафта, дар соли таҳсили 2022-2023 дар он 9000 донишҷӯёни хориҷӣ аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон таҳсил менамоянд.

Аз рӯи нишондиҳандаи шумораи донишҷӯёни хориҷӣ донишгоҳи мазкур дар Чин ҷойи аввалро ишғол менамояд. Дар ин донишгоҳ Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи нимпайкараи сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абуабдулоҳ Рӯдакӣ иштирок ва суханронӣ намуд.


Рустами Эмомалӣ зимни суханронии худ таъкид кард, ки ашъори Рӯдакӣ пас аз ҳазорсолаҳо низ мардумро ба таҳкими дӯстии халқҳо ва густариши муколамаи тамаддунҳо даъват мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД