Formula september
Рустами Эмомалӣ ба варзишгарон хона ваъда дод
688

Шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ ба варзишгароне, ки дар Бозиҳои Олимпии Париж-2024 сазовори зинаҳои ифтихорӣ мегарданд, ваъда дод, ки аз номи Раиси шаҳри Душанбе бо хонаҳои 3, 2 ва 1-ҳуҷрадор аз пойтахти мамлакат сарфароз гардонида мешаванд. Ин хушхабар ба онҳо дар мулоқоти шаҳрдор бо ин варзишгарон расонида шуд.

Зикр гардид, ки дар Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ, ки аз 26-уми июл то 11-уми августи имсол дар пойтахти Фаронса - шаҳри Париж баргузор мешаванд, беш аз 10 ҳазор варзишгар аз 205 кишвар барои 329 маҷмӯи медалҳо дар 32 намуди варзиш мубориза хоҳанд бурд. Дар ҳамин ҳол 14 варзишгари мамлакат роҳхатҳои Бозиҳои олимпиро соҳиб шуданд.

Гуфта мешавад, ки ҷудочиёни тоҷик маротибаи аввал соҳиби 6 роҳхати олимпӣ шуданд. Онҳо Эмомалии Нуралӣ дар вазни то 66 кг, Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг, Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90 кг, Темур Раҳимов дар вазни +100 кг ва тариқи квота Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг мебошанд.

Қаблан варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Париж панҷ роҳхат гирифта буданд, ки сетоаш ба риштаи бокс, яктоӣ ба таэквондо ва гӯштини озод марбут аст. Давлат Болтаев, Миҷгона Самадова ва Баҳодур Усмонов дар риштаи бокс, Мунира Абдусаломова дар риштаи таеквондо, Виктор Рассадин дар риштаи гӯштини озод роҳхатҳои олимпӣ ба даст овардаанд.

Ба Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар риштаи шиноварӣ 2 квота (1 мард ва 1 зан) ва дар намуди варзиши сабук 1 квота ҷудо шудааст.

Дар анҷоми мулоқот Рустами Эмомалӣ ба ҳайати дастаи мунтахаб барору муваффақият таманно намуда, изҳори боварӣ намуд, ки варзишгарони мо аз Париж бо медалҳо бармегарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД