Дарвозабони тими миллии Тоҷикистон Рустам Ятимов дар бозиҳои мунтахаби кишвар муқобили яккачини Беларус (20-уми март) ва дастаи Тимори Шарқӣ (25-уми март) иштирок намекунад.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, Рустам Ятимов дар вохӯриҳои моҳи мартии мунтахаби миллӣ бинобар ҷароҳат бардоштан дар ҳайати дастаи хеш ширкат карда наметавонад. Ӯ аз дарди миён азият мекашад.
Қобили зикр аст, ки мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 20-уми март бо миллипӯшони Беларус вохӯрии дӯстона доир карда, 25-уми март бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027-ро бо дастаи Тимори Шарқӣ анҷом медиҳад. Ҳарду вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 16:00 оғоз мешаванд.