Рустам Ятимов “Беҳтарин бозингари соли 2025” дар Ҷоми Русия эълон гардид
98

 

Дар мусобиқоти футболи Ҷоми Русия дарвозабони овозадори тоҷик Рустам Ятимов “Бозингари беҳтарини соли 2025” эълон шуд. Қаблан дар ҳамин мусобиқа бар асоси пурсиши мухлисон Ятимов беҳтарин дарвозабон эълон шуда буд.

Хадамоти матбуоти мусобиқа бозингарони беҳтаринро аз назари мухлисон ва коршиносон эълон намудааст. Гуфта мешавад, ки дар рафти овоздиҳӣ Рустам Ятимов 36 дарсади овозҳоро ба даст оварда, пирӯз гаштааст ва ин дар ҳолест, ки рақиби асосиаш нимҳимоятгари дастаи Краснодар Данила Козлов ҳамагӣ 26%-и овозҳоро соҳиб шуд. Зинаи сеюм насиби нимҳимоятгарон Матвей Кисляк аз ССКА ва Александр Корякин аз Краснодар гашт, ки ҳарду натиҷаи баробар дошта, 13-фоизӣ овоз гирифтаанд.

Дарвозабони машҳури тоҷик дар ин мавсим беназир буданашро бори дигар собит намуд. Маҳз маҳорати баланди варзишии Рустам Ятимов ва дарвозабони боэътимод буданаш ба тими футболи “Ростов» кумак намуд, ки ба Суперфинал барояд.

Ёдрас мешавем, ки Рустам Ятимов, дарвозабони тими миллии футболи Тоҷикистон дар феҳристи гаронбаҳотарин дарвозабонҳои Осиё ба зинаи шашум баромад. Арзиши Ятимов 1 миллиону 800 ҳазор евро муқаррар гаштааст, ки дар байни футболбозони тоҷик рекорди мутлақ мебошад. Шомил шудани дарвозабони тоҷик ба даҳгонаи гаронбаҳотарин дарвозабони қитъа як дастоварди бузурги варзишӣ аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД