Рустам Ятимов ба қатори беҳтарин дарвозабонҳои Осиё ворид гашт
37

Номи дарвозабони овозадори тими мунтахаби футболи Тоҷикистон Рустам Ятимов ба рӯйхати гаронбаҳотарин дарвозабонҳои Осиё ворид гаштааст. Ятимов дар ин раддабандӣ дар зинаи шашум қарор дошта, арзишаш 1,80 млн евро мебошад. Ин барои футболи тоҷик рекорди ҳақиқист!

Маъмулан дар ин раддабандӣ намояндагони Ҷопон, Австралия ва Кореяи Ҷанубӣ пешсаф буданд, вале арзиши дарвозабони шуҳратёри тими мунтахаби Тоҷикистон Рустам Ятимов то 300 ҳазор евро боло рафта, аз дарвозабонҳои Индонезия ва Австралия пеш гузаштааст.

Ятимов аз ҷумлаи гаронбаҳотарин дарвозабонҳо дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Дарвозабони Ӯзбекистон баъди Рустам Ятимов қарор дошта, нархаш 1,5 млн евро мебошад.

Дар зинаи аввали рӯйхат Дзион Судзуки аз "Парма" қарор дорад, ки арзишаш ба 20 млн евро мерасад. Дар зинаҳои баъдӣ Лео Кокубо аз "Сент-Трюйден" (4 млн) ва Йохей Такаока аз "Ванкувер" (3,5 млн) қарор гирифтаанд.

Дар панҷгонаи аввал ҳамчунин Эмил Аудеро аз Индонезия ("Кремонезе") - 3,2 млн, Кейсуке Осако аз Ҷопон ("Санфречче Хиросима") ва Мэтю Райан аз Австралия ("Леванте") - ҳар кадоме 2 млн қарор доранд.

Рустам Ятимов дар зинаи 6-ум (1,8 млн) қарор дошта, зинаи баъдиро Абдулвоҳид Неъматов аз Ӯзбекистон ("Насаф", 1,5 млн евро) ишғол намудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД