Sebiston new 2024 october
Рустам Назарзода: “44 нафар наҷот дода шуду 150 нафар ҷон бохт”
996

Дар қаламрави кишвар 359 ҳодисаи фавқулоддаи табиӣ танҳо дар соли гузашта ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2020 146 ҳодиса зиёд мебошад. Гуфта шудааст, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ 42 нафар шаҳрвандони кишвар ба ҳалокат расиданд.

 

Дар ин бора Рустам Назарзода, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хабар дод.  

Рустам Назарзода ҳамчунин гуфт, ки бо вуҷуди роҳандозии рейдҳо, дидору мулоқотҳо бо аҳолӣ ва корҳои таблиғотӣ аз ҷониби кормандони КҲФ ҳамоно дар обҳои кишвар одамон ғарқ мешаванд ва ҷони худро аз даст медиҳанд. Дар давраи ҳисоботӣ ҳангоми оббозӣ дар дарёҳо ва кӯлҳои кишвар 155 нафар одамон ҷон бохтаанд.   

Аз инҳо синни то 4-сола - 15, аз 5 то 10-сола 21, аз 11 то 16-сола 39, аз 17 то 35-сола 47 ва болотар аз 35-сола 33 нафар мебошанд. Дар тӯли як соли гузашта кормандони кумитаи мазкур КҲФ 44 нафар аз ҷумлаи ғарқшудагонро наҷот доданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД