Кӯдакони имрӯз ширин табассум кардану бурро ҳарф заданро бештар аз барномаҳои телевизон меомӯзанд. Маҳз ҳамин ҷанбаро ба инобат гирифта, садҳо оилаи Маскав имрӯз аз хизматрасонии парасторони онлайн истифода мебаранд. Падару модарон хушҳоланд, ки бибию бобоҳои онлайн якҷоя бо кӯдак рассомӣ мекунанд, китоб мехонанд, бозӣ мекунанд ва дигар машғулиятҳо мегузаронанд, дар ҳоле ки падару модар бо корҳои худ банданд. Онҳо барномаро дар компютер ё телефонашон кушода, онро ба экрани телевизион насб мекунанду идоракуниашро бар уҳдаи кӯдак мегузоранд ва худашон мераванд пайи корҳояшон.
“Бибиям муддати тӯлонӣ аст, ки дар яке аз минтақаҳои Русия кор мекунад. Аммо ӯ ҳамеша барои ман вақт ҷудо карда, ҳамроҳам гап мезанад. Ман бибиямро доим дар комютери модарам мебинам. Мехоҳам, ки ӯ тезтар ба наздамон биёяд, аммо модарам мегӯяд, ки бибиям ба ин қарибиҳо омада наметавонад. Мо ҳамроҳи ӯ расм мекашем, суруд мехонем, мерақсем ва ҳар хел бозиҳо мекунем. Вақте падарау модарам ба кор мераванд, ман ҳамроҳи бибиям мемонам”, - мегӯяд Алёна, ки ҳанӯз 9 сол дорад.
Бибии Алёна барвақт аз дунё гузаштааст. Ҳатто он замон ӯ ба дунё наомада буд, яъне Алёна ҳеҷ гоҳ бибиашро надидааст ва акнун иштирокчии барномаро бибии воқеии худ медонад. Машғулияти дӯстдоштаи ӯ дар ин рӯзҳои паҳншавии пандемия бозӣ бо бибии онлайниаш мебошад. Модараш мегӯяд, ки Алёна аллакай бибии онлайнро ҳамчун модарбузурги аслиаш қабул кардааст.
Барномаи “Ғамхори тифли шумо” алалкай чанд муддат боз дар ҳудуди Москва кор мекунад. Ин барнома монанд ба як шабакаи пурраи одамон аст, ки кори занҳоро осон мекунад. Модарон бо кӯмаки ин барнома метавонанд бемалол кор кунанд. Дар ин вақт онлайн - парастор кӯдаки онҳоро нигоҳубин мекунад. Аксари парасторон бибиянд. Барнома ба ширкати бонуфузи “Мом” мутааллиқ аст.
Пандемия бибиҳоро маҷбур кардааст, ки ба интернет раванд. Одамони калонсол, ки ҳамчун категорияи осебпазир ба коронавирус эътироф шудаанд, бо ин васила ҳам зиқ намешаванд ва ҳам пул ба даст меоранд. Ширкати навтаъсиси “Ғамхори тифли шумо” бо бибиву бобоҳо шартнома баста, амалҳояшонро ба навор мегиранд.
Онҳо ҳар гуна бозӣ мекунанд, афсона мегӯянд, китоб мехонанд, хӯрок мепазанд ва дигар машғулиятҳоро иҷро мекунанд. Баъди ин амалҳои онҳо бастубанд шуда, ба тарки барномаи электронӣ ворид карда мешавад.
Ҳангоми истифода бурдан ҳар амали биби ё бобоҳо бо фармони махсуси кӯдак иҷро мешавад. Масалан, агар кӯдак китоб хондан хоҳад, пас фармони “Китоб мехонем” – ро ба барнома дохил мекунад ва бибӣ ё бобо фавран китобашро кушода, онҳо якҷоя ба хондан медароянд. Замимаи китоб дар қисми поёни барнома оварда мешавад, то ки кӯдак ҳам онро хонда тавонад. Ба монанди ин кӯдак фармон медиҳаду баъдан онро ҳамроҳи бибӣ ё бобояш иҷро мекунанд.
"Ба хотири оне, ки кӯдак бо интернет камтар кор карда метавонад, машғулиятҳо дур аз формати вебинар баргузор мешаванд,- мегӯяд Наталя Линкова, асосгузори ширкат, - аз ин рӯ, мо чунин як барномаи парастори онлайнро таҳия намудем. Ин формат кори модаронро каме сабук мекунад, чунки дар шароити кунунӣ нигоҳубини кӯдак барои онҳо хеле душвор аст”.
Баъди тадқиқоту санҷишҳои зиёд маълум шуд, ки бибиву бобоҳои онлайн метавонанд кӯдаконро аз модари худашон беҳтар нигоҳубин кунанд. Онҳо барояшон афсона нақл мекунанд, инчунин, дар барнома чунин бозиҳое мавҷуданд, ки аввал нафари калонсол ҳар гуна калимаро мегӯяд ва баъд кӯдак онро такрор мекунад.
“Сагбача, ки қаҳрамони асосии ҳикояи ҷолибе буд, аз болои марғзор гузашта, хатти сурхеро дид, ки дар назди он як чуқурӣ менамуд. Вақте сагча ба он ҷо рафт, дар даруни чуқурӣ тифлакеро дид. Саг талафотро пай бурд ва бо пушташ дар назди чуқурӣ дароз кашид, то тифлакро хешовандон пайдо кунанд. Ҳамин тавр, мувофиқи афсонаи мазкур баъди чанд вақт соҳибони он тифлак ба ҷустуҷӯяш омаданд. Сагча онҳоро ба чуқурӣ роҳнамоӣ карду волидон тифлакашонро зинда ба берун бароварданд”.
Ин ҳикоя ба Валентинаи 5 – сола меҳрубонӣ каарданро омӯзонд. Онро бибии онлайнии Ксюша барояш нақл кард.
Роҳбарони ин ширкат ҷиҳати муоширати бевосита бо худи кӯдакон лоиҳаи нави “гуфтугӯи зинда” – ро бо бибиҳо тариқи барномаи “скайп” ҷорӣ кардаанд. Яъне, дар вақти ҳам барои кӯдак ва ҳам бибӣ мусоид, онҳо метавонанд бо ҳамдигар мустақиман суҳбат кунанд.
"Ман қарор додам, ки дар моҳи июн лоиҳаамро бештар такмил диҳам. Вақте дар як рӯзнома маълумотеро дар бораи машғулияткоби чанд насли калонсол идам, ба хулосае омадам, ки маҳз лоиҳаи “Ғамхори кӯдаки шумо” – ро роҳандозӣ кунам, то ки ба волидон, кӯдакон ва ҳам калонсолон кӯмак кунам. Бо кӯмаки донишҷӯ Юлия Латишева мо барномаи парастори онлайнро дар платформаҳои WhatsApp, Zoom ва Skype ҷой додем, то бибиву бобоҳо бо наберагонашон ба таври “зинда” суҳабт кунанд.
Маъмулан талаботи волидон аз кӯдаконашон бештар машғул шудан ба хондан, рассомӣ, сурудхонӣ, тайёр кардани дарсҳои иловагӣ, бозиҳои гуногун ва монанди ин аст. Талабот аз духтарон бошад кӯмак кардан ба рафти пухтупаз, хонарӯбӣ, шустушӯй ва монанди ин кору вазифаҳо мебошад.
Дар дохили ин барнома бибию бобоҳо тавассути экран талаботҳои болоро аз кӯдакон бо усулҳои гуногуни шавқовар дархост мекунанд. Масалан, як бобои электронӣ аз ҳаёти худ оид ба наҷот додани одамон аз ҳавопаймои сермусофире, ки аз Чип ва Дейли мепарид, ба Сергей нақл кард. Бибӣ бошад аз наберааш хоҳиш мекунад, ки барои ӯ расми ҳайвонот, мебел, асбобҳои мусиқӣ ва монанди инро дар кортонҳо тасвир кунанд, калимаҳоро бо муродифоташон ҷустуҷӯ кунанд, номи кишварҳоро аз харита ёбанд ва дигар амалҳои ҷолибро иҷро намоянд.
Хизматрасонии парастори онлайн барои оилаҳое, ки дар барномаи “Мом” худро сабти ном кардаанд, комилан ройгон аст. Ҳар шумораи нави он ба таври худкор (автоматӣ) ба барнома ҷой карда мешавад ва худи барнома баъди пайваст шудан ба интернет иваз мегардад. Барои истифодаи барнома корбар бояд бо портали марказии ширкат дар суроғаи https://mycareer.moscow ворид шуда, барномаро боргирӣ намоянд. Варианти электронии он дар платформаи “Плей Маркет” ҳам ҷойгир шудааст.
Дар ибтидо ин барнома барои занони аз 50-сола тарҳрезӣ шуда буд, аммо баъдан маҳдудияти синну сол бардошта шуду акнун модарони ҷавон ҳам метавонанд аз он истифода кунанд. Мутахассисони ин барнома бар он назаранд, ки дар ояндаи наздик ин барнома метавонад машғулияти дӯстдоштаи ҳамаи кӯдакони рус шаваду кори волидони онҳоро боз ҳам осонтар менамояд.