sebiston july new
Русия зиёда аз 50%-и муҳоҷирони меҳнатиро ихроҷ кард
645

Дар ҳафт моҳи соли равон шумораи муҳоҷирони меҳнатие, ки аз қаламрави Федератсияи Русия ихроҷ, яъне “депортатсия” шудаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 55,2% афзудааст. Ирина Волк, намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Русия дар ин бора дар телеграм-канали худ хабар додааст.

"Дар нимсолаи аввали соли 2024 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 53,2% бештар қарорҳои маъмурӣ ҷиҳати ихроҷи муҳоҷирони меҳнатӣ қабул карда шудааст. Шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки аз қаламрави Русия “депортатсия” карда шудаанд 55,2% афзудааст”,-навиштааст Ирина Волк.

Лозим ба ёдоварист, ки дар ин давра кормандони мақомоти қудратӣ бо сабабҳои гуногун ба беш аз 143 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ иҷозаи вуруд ба Русияро надодаанд, ки ин рақам нисбат ба соли гузашта 53,1 ҳазор зиёд аст.

Шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки иҷозатномаи муваққатии зист дар Федератсияи Русияро ба даст овардаанд, 44,2% коҳиш ёфта, теъдоди афроди иҷозаи истиқомат гирифта низ 18,4% камтар шудааст.

Шумораи ҷиноятҳои ошкоршуда дар самти ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ 2,8 баробар афзуда, теъдоди хабарномаҳо оид ба баста шудани шартномаҳои меҳнатӣ дар асоси патент ва иҷозатномаи кор бо шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа мутаносибан 60% ва 32,6%-ро ташкил намудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД