arzon replenishment
Русия муҳоҷирони соҳибкасбро дастгирӣ мекунанд?
1009

 

Русия ба муҳоҷирони меҳнатие, ки соҳиби касбу ихтисоси муайян ҳастанд, ҷонибдорӣ намуда, шароити зисту зиндагии онҳоро дар қаламравӣ кишвар беҳтар хоҳад кард. Қабули қонуни нав доир ба додани иҷозат барои иқомати бе мӯҳлат ба муттахасисони касбӣ аз зумраи шаҳрвандни хриҷӣ ва азъои хонаводаи онҳо қадами устуворе дар ин ҷода хҳад гашт.

Рӯзи чоршанбе Думаи Давлатии Русия қонун оид ба иҷоза додани истиқомати бе мӯҳлат ба мутахасисони касбӣ аз қабили шаҳрвандони хориҷӣ ва аъзои хонаводаи онҳоро қабул кард. Тавре ки агентии иттилотии “ Риа Новости” хабар медиҳад, муттахассисони касбие, ки на камтар аз 2 сол дар қаламрави Руссия кору фаъолият мекунанд, ҳам худашон ва ҳам аъзои хонаводаашон метавонанд иҷозатномаи иқоматро ба даст оранд.

Соҳибтахассусе, ки соҳиби иҷозаи иқомати бе мӯҳлат мегардад, ба категорияи сокинони доимӣ мегузар.

Дар лоиҳаи қонун инчунин омадааст, ки идораи андоз ӯҳдадор аст ба вазорати корҳои дохилӣ оид ба даромади соҳибтахассусон маълумот диҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД