Formula novemver 2024
Русия мехоҳад пӯшидани ҳиҷобро дар мактабҳо манъ кунад
376

Вакилони Думаи давлатии Русия ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ тавсия додаанд, ки барои манъи либосе, ки рӯйи инсонро мепӯшонад, чун сатру ҳиҷоб, тасмим гиранд.

Муаллифони ин тарҳ бо ишора ба Қонуни асосии Русия гуфтаанд, кишварашон давлати дунявӣ буда, ҳеҷ дин наметавонад ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро маҳдуд ва хатари эҳтимолиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ эҷод кунад.

Владислав Даванков, муовини раиси Думаи давлатӣ аз ҳизби “Новые люди” (“Одамони нав”) ба мақомоти вилоятӣ ва муассисаҳои таълимӣ ҳуқуқи манъи ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва мактабҳоро додааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Илдар Аловиддинов, муфтии Маскав аз пайомадҳои манъи ниқоб дар Русия ҳушдор дода, гуфта буд: “Манъи ҳиҷоб метавонад боиси хашми мусулмонони Русия гардида, дар ҷомеа норозигии навро ба вуҷуд орад”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД