Русия “Корти муҳоҷирати”-ро барҳам дода,
сабти электронии муҳоҷиронро ҷорӣ мекунад
Русия нақша дорад, ки кортҳои коғазии муҳоҷиратиро тадриҷан лағв намуда, сабти ҳатмии электронии шаҳрвандони хориҷиеро, ки бидуни раводид ба қаламрави ин кишвар ворид мешаванд, тавассути портали “Госуслуги” роҳандозӣ намояд.
Тавре ки расонаҳои русӣ наивштаанд, пешниҳодҳо барои низоми нав бояд то охири моҳи декабри соли 2026 омода шаванд.
Дар сурати чорӣ гаштани тартиби нав шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ бояд пешаки тавассути Gosuslugi аризаи электронӣ пешниҳод намуда, дар он ҳадафи вуруд ва давомнокии будубоши худро дар Русияро нишон диҳад.
Айни замон маълумотҳои мазкур дар корти муҳоҷиратии дар сарҳад додашуда сабт мешавад.