Табибони рус дар шаҳри Санкт-Петербург барои аз панҷаи марг наҷот додани ҷони як кӯдаки 4-сола, ки аз ошёнаи 4-уми бинои баландошёна ба замин афтидааст, мубориза бурда истодаанд. Сари писарча бар асари ин фоҷиа сахт зарб хӯрда, сутунмӯҳрааш шикаста аст. Табибон ҳолати кӯдакро вазнин арзёбӣ мекунанд...
Ин ҳодисаи нохуш рӯзи 20-уми ноябр, дар шаҳраки Громово рӯй дода, писарчаи 4-сола аз ошёнаи 4-уми бинои баландошёна ба замин сарозер афтодааст. Тавре ки расонаҳои Русия менависанд, дар сар задани ин фалокат волидони тифл гунаҳкоранд, зеро ба бача ба таври зарурӣ диққат надода, кӯдаки хурдсолро бе назорат гузоштаанд. Писарак аз беаҳамиятии калонсолон истифода бурда ба пештоқи тиреза мебарояд ва мустақилона тирезаро кушода ба тӯри тиреза (москитная сетка) такя мекунад. Тӯри нозук ба бардоштани вазни кӯдак тоб наоварда медарад ва писарак ҳамроҳи он ба замин сарозер меафтад.
Кӯдак дар натиҷаи ин фоҷиа сахт зарар дида, аз сар ва сутунмӯҳрааш захмӣ шудааст. Табибон ду рӯз боз барои аз панҷаи марг наҷот додани ин тифли маъсум, ки ҳам сараш зарб хӯрдаву ҳам сутунмӯҳрааш шикастааст, мубориза бурда истодаанд.
Тавре ки расонаҳо менависанд, модари кӯдак шаҳрванди Тоҷикистон буда, ба Русия назди шавҳари муҳоҷираш меҳмонӣ рафта будааст.