Вазорати меҳнати Россия лоиҳаи наверо пешниҳод намудааст, ки мувофиқи он дар чанд соҳа кор кардани муҳоҷирони меҳнатӣ манъ карда мешавад. Ҳадаф аз ин иқдом, ба гуфти муаллифони лоиҳа, ҳимояи манфиатҳои сокинони маҳаллӣ мебошад. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар додаанд.
«Вазорати меҳнат лоиҳаи наверо нашр намудааст, ки кор кардани шаҳрвандони хориҷиро дар баъзе соҳаҳои иқтисодиёт манъ мекунад. Вазорат бо ирсоли ин лоиҳа ба ҳукумати Россия пешниҳод намудааст, ки ба хотири ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Федератсияи Россия ба кор қабул кардани муҳоҷирони меҳнатиро дар баъзе соҳаҳо манъ кунад”,- навиштааст «Коммерсант».
Лоиҳае, ки Вазорати меҳнати Россия пешниҳод кардааст, аз ду қисм иборат мебошад: ба танзим даровардани меҳнат дар Федератсияи Россия ва танзими меҳнат дар минтақаҳои алоҳидаи кишвар.
Дар қисмати умумифедералӣ Вазорати меҳнати Россия пешниҳод кардааст, ки то 1-уми январи соли 2025 кор кардани муҳоҷирони меҳнатӣ дар соҳаи савдо ва фурӯши доруворӣ - аптека ба пуррагӣ манъ карда шавад.
Масъулини Вазорати меҳнати Россия мехоҳанд кор кардани муҳоҷирони меҳнатӣ дар соҳаи савдо ба пуррагӣ манъ карда шавад. Дар сурати лоиҳаро ҷонибдорӣ намудани ҳукуматдорони кишвар, минбаъд муҳоҷирони меҳнатӣ наметавонанд дар Русия ҳатто бо майдафурӯшӣ машғул шаванд.
Тибқи ин лоиҳа ба муҳоҷирони меҳнатӣ кор кардан дар бахши ниҳолпарварию ҷангал ва баъзе соҳаҳои дигар низ манъ карда мешавад.
Баъзе минтақаҳои Россия, аз қабили Шарқи Дур пешниҳод намудаанд, ки кор кардани муҳоҷирони меҳнатӣ дар соҳаи хоҷагии қишлоқ ва зироатпарварӣ низ манъ карда шавад.
Пешниҳод шудааст, ки шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар соҳаи нақлиёт ва мусофиркашонӣ набояд аз 24% зиёд бошад. Дар ин бора ura.news хабар додааст.