Arzon march 2024
Русия аз ҳисоби муҳоҷирон дар як сол 123 миллиард рубл даромад ба даст овардааст
311

 

Дар соли 2024 муҳоҷирони меҳнатие, ки дар Русия бо патент кор мекунанд, 123 миллиард рубли русӣ андоз супоридаанд. Дар ин бора Ирина Волк, намоядаи расмии Вазорати корҳои дохилии Русия дар шабакаи Telegram хабар додааст.

Даромади буҷаи Русия аз ҳисоби маблағҳои пардохтнамудаи муҳоҷирони меҳнатӣ 16% афзудааст.

Ба қавли Ирина Волк, шумораи санадҳои қонунии шаҳрвандони хориҷӣ барои дарёфти ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти меҳнатӣ дар соли 2024 ба 2 млн адад расидааст.

Тибқи қонунҳои ҷории Федератсияи Русия шаҳрвандони хориҷӣ бидуни патент дар ин кишвар кор карда наметавонанд. Маблағи патентро муҳоҷирон бояд ҳар моҳ пардохт намоянд, дар акси ҳол, ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти меҳнатиро аз даст медиҳанд.

Арзиши патент сол то сол дар ин кишвар боло меравад, аммо барои дарёфти ризқу рӯзии худ муҳоҷирони меҳнатӣ маҷбуранд онро пардохт намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД