Муҳоҷирон дар Русия боз сари дуроҳаи тақдир қарор гирифтанд. Дар рафти амалиёти навбатии “шикори муҳоҷирон” дар округи шарқии Маскав бархе аз муҳоҷирон аз қаламрави Федератсияи Русия ихроҷ, яъне “депортатсия” карда шуда, ба қисми дигар даъватномаи ҳарбӣ супурданд...
Кормандони ниҳодҳои ҳарбӣ ва Вазорати корҳои дохилии Русия дар якҷоягӣ амалиёти навбатии рейди муҳоҷиронро дар округи шарқии Маскав шуруъ намудаанд. Дар рафти амалиёти мазкур ба даҳҳо нафар муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба тозагӣ шаҳрвандии Федератсияи Русияро дарёфт намуда буданд, даъватномаи ҳарбӣ супурда шуда, садҳо нафар муҳоҷирони дигар аз қаламрави ин кишвар ихроҷ карда шудаанд. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар додаанд.
Муҳоҷирони ба тозагӣ соҳиби шаҳрвандии Русия гашта, ки дар рафти ин амалиёт ба чанг афтодаанд, барои хизмат кардан дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Русия дар комиссариатҳои ҳарбӣ расман ба қайд гирифта мешаванд.
Тавре «Коммерсант» навиштааст, амалиёти боздошти муҳоҷирон дар автовокзал, назди метрои «Щелковская», базаи сабзавот ва дигар нуқтаҳои будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ гузаронида шуда, дар рафти он ба даҳҳо нафар шаҳрвандони кишварҳои дигар, ки шаҳрвандии Федератсияи Русияро қабул карда бошанд ҳам, худро дар қайди комиссариати ҳарбӣ нагузоштаанд, даъватномаи ҳарбӣ супурда шудааст.
Чунин як амалиёт дар бозорҳои калони шаҳри Санкт-Петербург низ гузаронида шуд. Кормандони пулис ҳуҷҷатҳои зиёда аз 2000 нафар муҳоҷиронро тафтиш намуданд. Дар рафти амалиёт нисбати зиёда аз 100 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ин ҷо кор мекардаанд, парвандаҳои маъмурӣ боз карда шудааст. Айни замон масъалаи ихроҷи онҳо аз кишвар ҳал карда мешавад.
Рейдҳо алайҳи муҳоҷирон дар Русия махсусан баъди ҳодисаи нохуши дар Крокус Сити Холл рӯйдода пурзӯр гаштаанд. Акнун кормандони пулис натанҳо дар бозорҳои калон, анборҳо ва дигар нуқтаҳои будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ, балки ҳатто дар масҷидҳо низ амалиёт гузаронида, шумораи зиёди муҳоҷирони меҳнатиро боздошт менамоянд ва ҳуҷҷатҳояшонро тафтиш мекунанд. Муҳоҷироне, ки бидуни ҳуҷҷатҳои зарурӣ кор мекунанд, аз қаламрави кишвар ихроҷ, яъне “депортатсия” карда шуда, ба муҳоҷирони шаҳрвандии Русияро соҳибшуда даъватномаи ҳарбӣ супурда мешавад. Иддае аз муҳоҷирон аз комиссариатҳои ҳарбӣ барои хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Русия рост ба қисмҳои ҳарбӣ бурда мешаванд.