120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо сабабҳои қонуншиканиҳои кучак вурудашон ба қаламравӣ Русия манъ шуда буд, бахшида шуданд.
Хабаргузории ТАСС бо такя ба намояндаи Вазорати корҳои дохилии Русия дар Тоҷикистон, Алексей Егоров хабар додааст. Изҳор доштааст, ки ба ҳамаи онҳо алакай иҷозати дохил шудан ба қаламравӣ Русяи дода шудааст.
“Шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин бора аз сомонаи Сарраёсати умури муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия дар бораи мавҷудият ё лағви мамнӯъияти вуруд ба Федератсияи Русия маълумот пайдо кунанд”, гуфтааст ӯ.
Номбурда қайд кардааст, ки теъдоди зиёди муроҷиатҳо ба сафорати Русия дар Тоҷикистон маҳз ба ҳамин мавзӯъ иртибот дорад.
Қаблан раиси Федератсияи муҳоҷирони Русия, Вадим Коженов низ изҳор дошт, муҳоҷироне, ки бидуни қарори додгоҳ ихроҷ шуда, вурудашон ба ин кишвар мамнӯъ буд, иҷозаи вуруд додааст.