Formula novemver 2024
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА МАҲВИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ
1902

 

Давлату миллат ҳамон вақт зинда мемонад, ки фарҳангу тамаддуни хешро зинда нигоҳ дошта тавонад. Миллати тоҷик низ бо фарҳанги бою ғании худ миёни мардуми сайёра соҳибном гардидааст.

Солҳои охир дар ҷумҳурии мо аз байн рафтани як қисм ҳунарҳои мардумӣ ба чашм мерасиданд, вале бо ташаббуси Ҳукумати кишвар пеши роҳи азбайнравии ҳунарҳои аҷдодӣ гирифта шуду солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карданд. Дар соли 2018, ки “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ном дошт, аллакай қисми зиёди ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё гардида, ташаккул ёфтанд.

Ҳамчунин, дар ин давра либоси миллии “Чакан” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гашт. Зеро либос ҳам яке аз унсурҳои марказии фарҳанг ба шумор рафта, ҳар як соҳибватанро мебояд, ки ба ин ҷузъи фарҳанги ниёгон арҷ гузорад.

Либосе, ки мо тоҷикон дорем, зебандаи ҳар як духтар, бону ва зан аст. Маҳз ҳамин либос модари тоҷикро ба оламиён ҳамчун зани поку отифа муаррифӣ намуд. Аммо имрӯзҳо дар тани занону духтарони тоҷик ба ҷои либоси миллӣ либосҳои “хушдӯхт”- у “зебанда”- и аврупоӣ ва ғайритоҷикиро мебинем.


БА ОЗОДИИ ЗАНОН ҲАСАД МЕБАРАМ!


Дар шаҳру деҳот ҳам ин вабо кайҳо таъсири худро гузошта, рӯз то рӯз рушд намуда, ҷойи либоси миллию тоҷиконаи моро ороишоти занони Аврупо, доманҳои “миний”, поҷомаҳои “рваный” дигар либосҳои ғайриахлоқӣ гирифта истодааст. 

Ҳарчанд, Ҳукумати кишвар дар тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ камари ҳимматашро сахт бастааст, вале дар аксар муассисаҳои давлатӣ бонувон либоси аврупоӣ ва ғайритоҷикӣ мепӯшанд. Ҳатто сару садоҳое ҳам ҳаст, ки ҳангоми омадани меҳмонон ба мактабҳои миёна ва олӣ, омӯзгорзанон маҷбур карда мешаванд, ки доман ва пиҷаки аврупоӣ пӯшида, рӯймолҳои хешро аз сар гиранд.

Дуруст аст, ки дар олам раванди ҷаҳонишавӣ дар ҷараён аст, вале бо тараққии замон наметавон ҷониби гузашта чашм пӯшиду ба фарҳанги аҷдодӣ бо назари ҳақорат нигарист. Ё чаро рӯймоле, ки бибиёну модарони мо чун рамзи шарму ҳаё ба сар мебастанд, имрӯз матои нолозим шудаасту онро танҳо рӯзи ҷанозаву мотам мебанданд? Чаро либоси хушдӯхти атласу адрас ва чакани мо наметавонад ба ҷойи либосҳои аврупоӣ ба бар карда шаванд? Оё онҳоро танҳо дар фасли баҳор бояд пӯшид? 

Пӯшидани либосҳои аврупоӣ гӯё занони моро зебу зиннати бештар мебахшидаасту сатру ҳиҷоб покдомании онҳоро намоиш дода, басаркунандаашро соҳибэҳтиром мекардааст. Мутаассифона, имрӯз ба куҷое, ки по гузорӣ нахуст ба сару либосат менигаранд. Чун диданд, ки либоси кӯтоҳ дориву бепоҷомаӣ ва ё куртаи дорои поҷомаи танг пӯшида бошӣ, ҳатман "зани маданӣ" ном мебарандат. Дар ҳолати дигар қишлоқии куҳнапарастӣ.

Магар зани тоҷик аз азал бемаданият ё тардоман буд? Магар модари тоҷик аз қадим бо иффату покдомании хеш шинохта нашуда буд? То кай зани тоҷик либоси аврупоӣ ба тан намуда, соҳиби ҷойи кор ва як луқма ном мегардида бошад? Чаро зани тоҷик аз ҷониби кадом як рассоми “соҳибистеъдод”-е маҳз урён тасвир меёфтаасту баъд ӯро ҷаҳониён "ҳамқадами замон" номида таъриф мекардаанд? (гап сари Маърифати бемаърифат меравад). Инҳо саволҳоеанд, ки касе масъулияти посух гуфтанашонро бар уҳда намегирад. Гӯё набуду нашуду надидем!

Интихоби либос ва пӯшидани он албатта ҳаққи маънавии ҳар нафар аст, вале вақте маъракаи тарғибу ташвиқи либоси миллӣ ҳамчун ҷузъи фарҳанги халқ ба роҳ монда мешавад, бояд ба он арҷ гузошт ва аз хушдӯхтҳои аврупоиву рӯсариҳои арабӣ болояш гузошт. Яъне бояд тоҷикона пӯшиду тоҷикона гашт.

Қатъӣ мегӯем, ки агар ҳамин маъаркаи “рушди ҳунар” идома ёбад, минбаъд аз фарҳанги тоҷикон ному нишоне нахоҳад монд ва чакану адрасу гулбасту атлас монанди муҷассамаҳои хомӯшу безабон ва либосҳои славянии русӣ барои тамошои дигарон (на барои пӯшидан!) дар намоишгоҳу осорхонаҳо гузошта мешаванд. Насли оянда ҳам онҳоро танҳо дар акс мебинанд ё ҳангоми ягон намоиши театрӣ ҳунармандон чунин либосҳоро мепӯшанду барои тамошобини “бомаданият” нишон медиҳанд (агар дар оянда барои намоишҳои театрӣ тамошобине пайдо шавад). В-агарна он ҳам ба гӯшаи фаромӯшӣ меравад. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД