Яке аз дастовардҳои муҳими донишгоҳ дар ин давра ба роҳ мондани табодули академик 26 нафар донишҷӯ ба Донишгоҳи миллии Авруосиё ва Донишгоҳи давлатии фарҳанги Қазоқистон мебошад.
Рӯзҳои наздик ба Донишгоҳи Сити Малайзия сафарбар карда мешаванд.
Ин нуқтаро Асрорзода Убайдулло Ректори Донишгоҳи Байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нишасти хабарии имрӯза иро карданд.
Ҳамчунин илова гардид, ки 35 донишҷӯ Донишгоҳ дар чорумин Олимпиадаи байналмилалии умумироссиягӣ иштирок намуда, нуҳ нафар сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ иқтидори илмии донишгоҳ рӯ ба афзоиш буда, шумораи докторони илм 5 нафар ва номзадони илм 8 нафар зиёд шуданд.