Маҳсулоти лозима:
Орд – 400 грамм
Равғани маска – 113 грамм
Сметана – 2 қошуқ
Маводи ковоккунанда – 5 грамм
Тухм – 1 дона
Намак – мувофиқи табъ
Барои қимма:
Гӯшти мурғ (Филе)
Булғории сабз – 1 дона
Кетчуп ва майонез – 1 қошуқӣ
Пиёз – 1 дона
Панир
Намак, мурч ва кунҷит – мувофиқи табъ
Тарзи таҳия:
Дар зарф орд ва равғани маскаро омехта намуда, умоч мекунем, сипас, маводи ковоккунанда ва намак пошида, сметана ва тухм меандозему хамир мешӯрем.
Хамири омодакардаро ба 2 зувола тақсим мекунем ва болояшро бо қоғази пергамент пӯшонида, дар яхдон мегузорем.
Барои қиммаи дарунаш гӯшти мурғ ва булғории сабз, пиёзро реза карда, дар зарф мегирем ва мурч, намак, кетчупу майонез ҳамроҳ карда, омехта менамоем.
Хамирро чоркунҷа тунук мекунем ва қиммаро дар байнаш гузошта, панирро аз тарошак мегузаронем ва ба болояш мепошем. Сипас, гирди хамирро мебурем ва мепечонем.
Болои рулетро тухм ва кунҷит карда, дар тафдон дар ҳарорати 180 дараҷа мепазем.
Ин рулет хеле бомазза буда ба аҳли оила ва фарзандони шумо писанд меояд. Иштиҳои том!