Маҳсулоти лозима:
4 тухм, 100 гр шакар, 100 гр орд, 1 қошуқча моддаи ковоккунанда, каме намак, ванилин. Барои малҳам: 1 бонка ширқиёми пухта (сгущёнка варенная), 300 г панири фаллагин (творожный сыр).
Тарзи таҳия:
Тухму шакарро бо миксер лат зада, ба он намаку ванилин ва орд илова кунед. Хамири ҳосилшударо ба рӯи тобаи пешакӣ коғази путупазӣ тунукшуда рехта, дар ҳарорати 180 дараҷа муддати 12-15 дақиқа пазед. Кулчаи пухташударо гармогарм бо сачоқ тоб дода, баъдан кушоеду ба дарунаш малҳами аз ширқиём ва панири фаллагин омодашударо молида, дубора тоб диҳед.