35 years of independency
Рулет аз сабзкаду
03.10.2026
Oila.tj
50

Маҳсулоти лозима:

200-250 грамм панир, 2-3 дона сирпиёз, 1 бандча шибит, 2 қошуқ сметана, намак ва мурчи сиёҳ, 2-3 дона сабзкаду, 1 қошуқ равғани растанӣ.

Тарзи таҳия:

Панирро бо блендер майда кунед ё аз ғалбер гузаронед. Сирпиёзро куфта, шибитро майда реза кунед. Панирро бо сирпиёз, шибит, сметана, намак ва мурчи сиёҳ омехта кунед. Сабзкадуро тунук бурида, каме намаку мурч пошед. Равғанро дар тоба дар оташи миёна гарм карда, тасмаҳои сабзкадуро аз ҳар ду тараф 1-2 дақиқа бирён кунед, то нарм шаванд. Сипас онҳоро рӯи дастмолчаи коғазӣ гузошта, хунук кунед. Ба ҳар тасмаи сабзкаду каме аз омехтаи тайёршударо молида, ба шакли рулет печонед ва 20-30 дақиқа дар яхдон гузоред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД