Вақте ҳомиладор будам, дар хобам як нафар ба тифлам ном гузошт, номи духтарона. Вале дар асл мо намедонестем уи тилф писар аст ё духтар.
Вақте таваллуд шуд, духтар буд, аммо мо он номро нагузоштему дигар ном мондем.. Аз ин кор дилам ҳамеша хавотир аст. Ҳамин ҳолатро аз нигоҳи ислом шаҳр медодед.
Хонандаи Оила
Посухи намояндаи Раёсати фатвои ҶТ
Аслан хоби дидаи мардум қобили эътибор нест. Чунки хоби пайғамбарон ба манзараи ваҳӣ аст. Чи хеле, ки ҳазрати Иброҳим (а.с) хоб диданд, ки писарашон ҳазрати Иброҳимро (а) бояд қурбонӣ кунанд ва такроран он дида шуд ва он амалӣ гашт.
Хоби дидаи мардум ҳамчун санад ё далел қарор намегирад. Номи гузштааш ба фарзандаш муносиб аст, аз он ки номе ки дар хоб дида буду нагузошт, отирҷамъ бошад ва хотираашро парешон накунад.
Ягон гумони бад ҳам накунад. Номи гузоштааш дуруст ва метавонад ба ҳамон ном фарзанди худро садо кунад.