Мактаби куҳнаи деҳаи Равмеди ноҳияи Рӯшонро, ки чанде пеш навори ҳоли бади он ба интернет роҳ ёфт, аз нав бунёд мешавад.
Музаффари Имомдод, фаъоли ҷамъиятӣ, ки навори ин мактабро дар интернет нашр карда буд, гуфт, ки пас аз нашри ин навор як нафар ба ӯ тамос гирифта, пешниҳод кардааст, ки бунёди мактаби навро дар ин макон бар уҳда мегирад.
Ин нафари хайрхоҳ нахост, ки номаш ифшо нашавад ва Музаффар низ аз ошкор намудани шахсияти ӯ худдорӣ кардааст. Муаллифи навор мегӯяд, ки бо дарёфти ин таклиф, дарҳол онро ба роҳбарияти вилоят пешниҳод кард ва онҳо низ ин иқдомро хуш пазируфта, ба масъулини минтақавӣ дастур доданд, то ҳуҷҷатҳои заруриро фавран омода созанд. Ба иттилои ӯ ҳуҷҷатҳо дар ҳоли ҳозир пурра омода буда, корҳо аллакай оғоз шудаанд.
Музаффар гуфт, ки “умедворам, таҷрибаи мо барои минтақаҳои дигари кишварамон дарси ибрат хоҳад шуд, ки дар он ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба манфиати мардуми худ ҳамкорӣ хоҳанд кард”.
Ёдовар мешавем, ки навори мактаби куҳнаи деҳаи Равмеди ноҳияи Рӯшонро Музаффари Имомдод, фаъоли ҷамъиятӣ, нашр кард, ки он ҷавобгӯи талаботҳои имрӯз нест. Дар пайи нашри ин навор ҳукумати вилоят посух дода, гуфта буд “маблағгузории чунин макотиб мушкил буда, хуб мешуд, ки мардум кӯмак кунанд”.
Ҳукумат гуфт, азнавсозии мактабҳои калон дар навбати аввал қарор дошта, таъмири мактабҳои хурд вақт мехоҳанд ва масъала мавриди омӯзиши ҳаматарафа қарор дорад.
Сомонаи “Оила” пештар аз ин дар такя ба саҳифаи фейсбукии Музаффари Имомдод навореро нашр намуда буд, ки бозгӯи вазъи мактаби №21 ба номи Қулмамад Абдулҳусейнови деҳаи Равмеди ҷамоати Бартанги ноҳияи Рӯшон буда, бисёр ташвишовар ба назар мерасид. Тибқи инъикоси Музаффар агар таблои мактаб намебуд, шахси бегона ва ё меҳмони хориҷӣ шояд ба ҳайрат меафтод, ки чаро кӯдакон бо сару либоси мактабӣ ба ин анборхона рафта истодаанд? Намуди зоҳирии мактаби мазкур анборхонаро ба ёди кас меорад.
Дар видео баръало намоён аст, ки фарши долон ва синфхонаҳои мактаб хокӣ буда, ҳадди ақал бо тахтаҳои оддӣ пӯшонда нашудаанд. Андоваи деворҳо рехта, дари синфхонаҳо аз дари оғилғона қариб, ки фарқе надоранд. Дохили синф тип - торик аст. Ҳавои дохили мактаб намнок буда, саломатии муҳассилину омӯзгорон ва дигар кормандони мактабро зери суол мегузорад.
Умед дорем, ки сохтмони ин мактаб ба наздикӣ хотима ёфта, муҳассилину омӯзгорон бо руҳияи нав баъди таътил вориди синфхонаҳо гарму замонавӣ мешаванд.