arzon replenishment
Ровии “Орёл и Решка” дар дами марг аст!
1509

 Ҳунарпеша, модел ва ровии барномаи “Орёл и Решка” Мария Ивакова ба вируси навъи COVID-19 гирифтор шудааст. Номбурда баъди 9 рӯзи табобат дар шароити хона дар саҳифаи Инстаграми худ иттилоъ додааст, ки ҷавоби ташхисаш манфӣ баромад ва мунтазири ҷавоби боз як ташхиси дигар аст.

Агар ҷавоби ин ташхис ҳам манфӣ барояд, пас ӯ комилан шифо ёфтааст ва агар не, табобатро идома хоҳад дод. Ба гуфтаи табибон, ин вирус ками кам дар давоми 14 рӯз аз вуҷуди инсон пок мешавад ва дар 9 рӯз шифо ёфтан имкон надорад. “Давоми қариб 9 рӯз бемор будам. Ҳоло худро бардам ҳис мекунам. Ҳисси бӯй ҳам дубора баргашт. Мушакҳоям ба осонӣ кушода мешаванд. Қаблан ҳатто нишаста наметавонистам. Ҷавоби ташхисам манфӣ баромад ва интизори ҷавоби ташхиси дигар ҳастам. Умедворам, ҷавоби манфӣ мегирам”,-навиштааст, Ивакова дар саҳифаи Инстаграмаш. Мария 33 сол дорад ва дар шаҳри Темиртауи Ҷумҳурии Қазоқистон ба дунё омадааст. Вақте ки 10-сола буд, оилаашон ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия кӯчиданд ва ҳамон ҷо монданд. Ӯ аз соли 2014 ровигии барномаи “Орёл и Решка”-и шабакаи “Пятница”-ро ба уҳда дорад. Ҳаводорони ин барнома дар Тоҷикистон низ кам нестанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД