Фикр мекунам дар ҳар хонадони тоҷик ҳадди ақал як нафар Беҳрӯз Насриддиновро мешиносад. Ӯ пеш аз ҳама ровии маъруфу хушноми радио аст. Баъдан, актёр, продюсер ва мутахассиси техникаи суханварӣ мебошад.
Садои мавсуфро дӯстдорони радио солҳои зиёд дар барномаҳои гуногун аз радиои “Азия-Плюс” шунидаанд. Бинандагони телевизион солҳои зиёд чеҳраи ӯро дар наворҳои тарғиботӣ, намоҳангҳо ва ғайраҳо мебинанд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳунари актёриаш хеле хуб огаҳанд ва ҳатто нафароне ҳам пайдо шудаанд, ки аллакай ӯро ҳамчун актёр барои худ идеал интихоб кардаанд.
Беҳрӯз Насриддинов ҳоло дар Инстаграм зиёда аз 60 ҳазор нафар обуначӣ дорад. Барои онҳо аксу наворҳои ҷолиб аз маҳфилу маъракаҳо, вохӯриву суханрониҳо ва пораҳои гуногуни зиндагиву фароғаташ нашр мекунад. Ӯ ба маънои томаш машҳур аст ва дар соҳаи худ муваффақ гаштааст.
Зиндагии пасипардагии эҷодкоре дар сатҳи Беҳрӯз Насриддинов ҳамеша барои ҳаводоронаш шавқовар аст, вале шавқовартару ҷолибтар он аст, ки ӯ қабл аз машҳур шудан чӣ гуна буд.
Мо бо Беҳрӯз Насриддинов суҳбати кӯтоҳе доштем, ки дар аввал бо шунидани саволи “Шумо пеш аз машҳур шудан чӣ гуна зиндагӣ доштед?” каме ҳайрон шуда, пасон чунин посух доданд:
- Агар, ба андешаи шумо ман як нафари машҳур бошам, пас бояд бигӯям, ки пеш аз шинохта шудан муддате дар сохтори андоз кор кардам ва баъдан дар мағозае савдогар будам. Корманди андоз будан ё дар мағоза бо кори савдо машғул шудан, ба ман хеле таҷриба дод, феълан ҳамешаву дар ҳамаҷо аз ин корҳоям ёд мекунам. Хуб аст, ки бидонем чӣ гуна фаъолияти кориамон оғоз шуд ва ин роҳро то куҷо овардем.
Беҳрӯз Насриддинов дар идома тасдиқ кард, ки новобаста ба корҳои зиёдаш, ӯро маҳз радио ба мардум шинос кард ва маҳбуби дилҳо намуд:
- Дуруст аст, ки радио дар ҳаёти ман нақши хеле калон дорад. Ин даргоҳ ҳаёти маро ба куллӣ тағйир дод ва агар касе шудам, маҳз бо шарофати кор дар радио аст. Зиёдтар ба шумо мегӯям, ҳатто ман тӯйи арӯсиамро дар эфири радио, дар шоҳидии шунавандагони бешумор гузаронидам.