Шоми 12-уми ноябр дар Иркутск байни як гурӯҳ муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар сохтмон кор мекарданд ва мардуми маҳуллӣ муноқиша ба миён омада, баъдан баҳси лавзӣ ба занозанӣ печидааст. Дар рафти ин моҷаро 2 нафар ба ҳалокат расида, 5 тани дигар захмӣ шудаанд..
Тавре хабаргузории ТАСС мегӯяд, ҳодиса дар маҳаллаи Залари Иркутск сар зада, айни замон Кумитаи тафтишотии Русия қазияи марги ду ва ҷароҳати панҷ нафарро дар майдони сохтмонӣ таҳқиқ карда истодаанд. Ба иттилоъи манбаъ, сохтмончиён шаҳрвандони Тоҷикистон буда, ҳамчунин фавтидаҳо низ тоҷик будаанд.
Барои муайян кардани сабабҳои муноқиша ва занозанӣ миёни муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва сокинони маҳаллӣ дар ноҳияи Зеларински вилояти Иркутск кормандони Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск ба ноҳияи Зеларински вилояти Иркутск сафарбар карда шуданд.
Ёдрас мешавем, ки ин аввалин муноқишаи хунин байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва мардуми маҳаллӣ набуда, ҳамасола чандин нафар муҳоҷирони тоҷик қурбони теғи миллатгароёни рус мегарданд ва даҳҳо нафари дигар ҳангоми кор дар сохтмон аз ошёнаҳои баланд афтида мемиранд.
Муҳоҷират саду як дард дорад, аммо новобаста ба ҳама мушкилиҳои мулки ғурбат мардум талош мекунанд, то дар Русия монда, ба қавле “чор танга пул кор кунанд” зеро кор дар мулки рус барои аксари тоҷикон воситаи асосии таъмини зиндагӣ гаштааст.