Ҳукумати Русия баъди ҳодисаи нохуши дар “Крокус-Сити-Холл” рӯйдода барои муҳоҷирони меҳнатӣ профилҳои рақамӣ ҷорӣ намуда, минбаъд ҳар як қадами муҳоҷиронро зери назорати қатъӣ мегирад.
Дар профилҳои рақамӣ тамоми маълумоти зарурӣ дар бораи ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ ҷамъоварӣ карда мешаванд. Қоидаҳои супоридани имтиҳони забони русӣ ва гирифтани патент низ минбаъд сахттар карда мешавад. Дар ин бора newizv.ru хабар додааст.
“Муҳоҷирон дар Русия акнун тавассути профили рақамӣ пайгирӣ карда мешаванд. Ин яке аз чораҳои фаврие мебошад, ки ҳукумат дар рӯзҳои охир (пас аз ҳодисаи Крокус) дар доираи сиёсати муҳоҷират тасдиқ кардааст”,- навиштааст манбаъ.
Профили рақамӣ чӣ тавр кор мекунад?
Ба профили рақамӣ тамоми маълумотҳо дар бораи ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ дохил карда мешаванд. Кай омад, аз куҷо омадааст, дар куҷо кор мекунад, дар куҷо ва бо киҳо зиндагӣ мекунад, муҳлати будубоши муҳоҷир дар Русия кай ба охир мерасад? Дар сурати макони зист ё ҷойи корашро иваз намудани муҳоҷир ин маълумотҳо дарҳол ба профили рақамӣ ворид карда мешаванд ва бо ҳамин роҳ ҳукумати Россия ҳар як қадами муҳоҷирони меҳнатиро зери назорат мегирад.
Ба профили рақамӣ боз кадом маълумотҳо дохил карда мешаванд?
Ба профили рақамии муҳоҷир ҳамчунин тамоми маълумотҳои биометрии ӯ низ дохил карда мешаванд: изи ангуштон, гурӯҳи хун, ранги чашм ва ғайра...
Сергей Неверов: Ҳар як қадами муҳоҷирон бояд зери назорат бошад!
Сергей Неверов, муовини раиси Думаи давлатии Россия ин масъаларо шарҳ дода, дар саҳифаи телеграммиаш навиштааст: "Мавзуъ дардовар аст, аммо муносибати бодиққатро талаб мекунад. Минбаъд барои ҳар як шахсе, ки барои кор кардан ба Федератсияи Россия омадааст, профили рақамӣ сохта мешавад. Вақте ки тахт кардани ҳуҷҷатҳои иҷозатномадиҳӣ ба охир мерасад, муҳоҷир дар куҷо зиндагӣ мекунад, бо кӣ зиндагӣ мекунад, ба куҷо меравад, тамоми ин маълумотҳо ба профили рақамиаш дохил карда мешаванд. Гузариш ба кори дигар, аз кор озод кардан. Ҳамаи маълумотҳо бояд дар профили рақамии муҳоҷирон мавҷуд бошанд. Ҳама чиз бояд таҳти назорати қатъӣ гирифта шавад...".
Шиносномаҳои қалбакӣ дигар ба кор намераванд
Як сабаби ҷорӣ намудани профили рақамӣ зери назорат гирифтани ҳар як қадами муҳоҷирони меҳнатӣ бошад, ҳадафи дигараш пешгирӣ намудани вуруди шаҳрвандони хориҷӣ бо шиносномаҳои қалбакӣ ба хоки Россия мебошад. Қисми зиёди муҳоҷирони ихроҷшуда солҳои охир як ҳарфи номашонро иваз карда, бо шиносномаи нави қалбакӣ ба Русия бармегаштанд ё бо ному насаби каси дигар мерафтанд. Бештари афроде, ки дар Россия даст ба ҷиноят мезананд, маҳз онҳое мебошанд, ки бо шиносномаҳои хориҷӣ ба Русия омадаанд. Ҳукумати Россия бо ҷорӣ кардани профили рақамӣ барои ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ роҳи вуруд бо шиносномаҳои қалбакиро низ бастан мехоҳад.