Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе аз пайдо намудани ҷасади марди ношинос дар соҳили дарёи Душанбе хабар дод.
Тибқи иттилои раёсат рӯзи 17-уми июли соли равон, тахминан соати 14:00 дақиқа намояндаи ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ ба навбатдори фаврии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки ҷасаде дар соҳили дарёи Душанбе, шафати кӯчаи Қаҳҳоров намоён шудааст.
Баъди гирифтани хабар дастаи махсуси зудамали наҷоти шаҳри Душанбе соати 14:21 дақиқа ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, соати 14:43 дақиқа ҷасади шахсияташ номаълуми ба тахмин 40-45 соларо аз соҳили дарёи Душанбе бароварда, ба сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ супориданд.
Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ рӯзи 17-уми июл аз ғарқи оби дарёи Шоҳдара шудани ду сокини ноҳияи Роштқалъа хабар дод. Бино ба гузориши манбаъ, ин ду нафар рӯзи 4-июл ҳангоми оббозӣ беэҳтиётӣ намуда, дар дарёи Шоҳдара ғарқ шудаанд. 3-рӯз қабл ҷасади сокини 22-солаи деҳаи Парзудчӣ дар масофаи 800 метр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо шуда, ҷасади ноболиғи 12-сола ҳанӯз ёфт нашудааст.