Arzon march 2024
Роҳҳои зебо нигоҳ доштани пӯст дар тирамоҳ
1096

 

Бисёр одамон намедонанд, аммо нигоҳубини пӯст бояд дар фаслҳои гуногуни сол тағйир ёбад. Масалан, тирамоҳ вақти ғизо додан ва барқарор кардани пӯст аст, зеро офтоби сӯзони тобистон, хушкшавии пӯст, таъсири ҳар гуна крему собунҳо ва дигар омилҳо боиси хушкӣ пӯст ва пайдоиши доғҳо ва ожангҳо мешаванд. Илова бар ин, наздик шудани ҳавои сард мушкилотро боз ҳам бадтар мекунад. Аз ин рӯ, дар тирамоҳ нигоҳбин ва муҳофизат кардани пӯст муҳим аст.

Онҳое, ки ба пӯсти худ бодиққат ва мунтазам ғамхорӣ мекунанд, аллакай медонанд, ки дар тобистон истифодаи маҳсулоти тозакунанда, SPF, инчунин кремҳои намноккунанда хуб аз офтоб муҳофизат мекунанд. Ҳадди ақал маҳсулоти ороишӣ, истеъмоли меваҳои тару тоза, гиёҳҳо ва сабзавот барои зебо мондани пӯст кӯмак мекунад.

Тозакунии пӯст бо кремҳои скраб ва инчунин ғизодиҳии пӯст бо сабзавот (бодиринг ва картошка) рӯйи шуморо мулоим ва пӯстатонро сафед мекунад, муҳофизат аз офтоб бо кремҳои муҳофизаткунандаи SPF ва ВВ крем. Маҳсулоти дурусти нигоҳубини пӯст кӯмак мекунад, ки пӯсти рӯйи шумо мулоим, сафед, тоза ва ҷавон нигоҳ дошта шавад.

Қоидаҳои нигоҳубини рӯй дар тирамоҳ

Ниқоб аз асал ва себ

Ниқоби асал ва себ пӯсти хушкро ба таври идеалӣ ғизо медиҳад. Нисфи себро аз тарошак гузаронида хуб маҷақ кунед. Ба он 1 дона зардии тухм, як қошуқ асал илова кунед ва 1 қошуқи равғани зайтун ва кислотаи аскорбинро илова кунед. Таркиби ҳосилшударо ба рӯй молед ва тақрибан 15 дақиқа нигоҳ доред, сипас бо оби гарм рӯятонро шӯед.

Умуман, тайёр кардани ниқобҳои меваю сабзавот хеле муфид аст. Ҳар гуна меваю сабзавот ё омехтаи онҳоро дар ҳолати кӯфта ба пӯсти равғанин молед. Агар шумо ба асал таҳаммулнопазирӣ ё дигар аксуламалҳои аллергӣ ба ҷузъҳои ниқоб дошта бошед, истифодаи онҳо бояд даст кашад.

Лосони тозакунандаи хонагӣ

Гули Алоэ 1 баргашро гирифта, ду қисм кунед ва шарбати дарунашро ҳар шом пеш аз хоб ба рӯятон молед ва пӯстатонро масҳ кунед.

Дар як ҳафта 2 маротиба метавонед аз бодиринг ва картошка истифода кунед.

Бодиринг ва картошкаро аз тарошак гузаронед ва дар қолабак гирифта, як шабонарӯз дар яхдон нигоҳ доред. Баъдан аз қолаб гирифа, ба рӯятон то об шудани бодиринг ва картошка молед. Ин амал барои сафед шудани пӯст ва мулоиму ҷавон ва беожанг шуданаш фоида мерасонад.

Табобатҳои салонӣ

Дар тирамоҳ, коршиносон тавсия медиҳанд, ки расмиёти косметологи дар нигоҳубини пӯст иҷро кунанд. Намудҳои гуногуни пиллинг (бо назардошти синну сол ва мушкилоти мавҷуда), ионтофорез, терапияи микроқурентӣ, терапияи парафинӣ, тозакунии рӯй ва ғайра барои барқарор кардани пӯст ва инчунин мустаҳкам кардани функсияҳои монеаи он мусоидат мекунанд.

Барои солим ва зебо нигоҳ доштани пӯст ғизои солим, хоби хуб, зуд – зуд нӯшидани об, сайру гашт дар ҳавои тоза, машқҳои сабуки ҷисмонӣ, эҳсосоти мусбат хеле муҳим аст. Ва муҳимтар аз ҳама, танбал нашавед, чанд дақиқае, ки дар як рӯз барои худ сарф мешавад, ба шумо кӯмак мекунад, ки ҷавонӣ ва намуди шукуфони худро нигоҳ доред.

Ҳамеша зебо бимонед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД