Роҳҳои вуруд ба Самарқанд баста мешаванд
133

Роҳҳои ташрифотии Самарқанд аз 30-юми октябр то 14-уми ноябр, яъне барои ду ҳафта баста мешаванд.

Дар робита ба баргузории иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО (ташкилоти маориф, илм ва фарҳанги назди Созмони Милали Муттаҳид) роҳҳои вуруд ба шаҳри Самарқанд муваққатан баста мешаванд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон хабар додааст.

Ин ниҳод аз сокинон ва меҳмонони шаҳр даъват кардааст, ки агар дар санаҳои аз 30-юми октябр то 14-уми ноябр нақшаи сафар ба Самарқандро дошта бошанд, онро то қадри имкон ба таъхир гузоранд.

Барои нақлиёти транзитӣ дар вилояти Самарқанд роҳи нақлиёти гардишӣ ташкил гардида, бо ин мақсад баргаи (флайер) махсус таҳия шудааст. Гардравҳои муқарраршударо тавассути рамзи QR-и замимаи мобилӣ дидан мумкин аст.

Чорабинӣ дар маҷмааи сайёҳии “Silk Road Samarkand” баргузор мешавад. Ин конфронс бори аввал аст аз соли 1985 берун аз Париж, ки қароргоҳи ин созмон мебошад, баргузор мегардад.

Бояд гуфт, конфронси генералии ЮНЕСКО, ки дар ду сол як маротиба баргузор мешавад, самт, буҷет ва фаъолияти умумии маориф, илм ва фарҳангро муайян мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД