new banner new years
Роҳҳои табобати гармича дар рӯй
476

 

Ба ҳамаамон маълум аст, ки айёми ба балоғат расидан бисёртар дар фасли гармо дар рӯйи ҷавонон гармича мебарояд. Аз сабаби аллергия доштан аз мағзу писта низ дар рӯй гармича баровардан мумкин аст.

Агар гармичаҳо дар рӯй тез - тез бароянд, дониста бошед, ки бояд шумо маводҳои ороишии худро иваз намоед. Метавонед бе кумаки духтур аз пайи нест кардани гармичаҳои рӯятон шавед.

Барои нест кардани гармичаҳои пӯсти рӯй танҳо бояд усули дурусти нигоҳубини пӯстро донист. Дар хотир доред, ки воситаҳои нигоҳубини пӯст ё ниқобҳоро бояд вобаста ба навъи пӯст интихоб намуд.

Гармичаҳо аслан дар пӯсти равғанин зиёд мешаванд. Маҳз ана ҳамон равған пӯсти рӯйи моро муҳофизат карда, нарм нигоҳ медорад. Дар натиҷаи зиёд шустани пӯсти рӯй равғани он зиёд мешавад, ки ин низ яке аз омилҳои боз ҳам зиёдтар шудани гармичаҳо мегардад. Барои ҳамин, кӯшиш кунед, ки рӯятонро рӯзе аз 2-3 маротиба зиёдтар нашӯед ва ҳар гуна собуни хушбӯйкунандаро истифода набаред. Беҳтараш аз воситаҳои обакии махсус, ки барои нест кардани гармичаҳо пешбинӣ шудаанд, истифода намоед.

Руйхати таомҳои истеъмол мекардаатонро тағйир диҳед. Нӯшокиҳои газноки кола, лимонад, картошкабирён, чормағз, писта, бодом ва ҳар гуна таомҳои зудтайёршаванда ва коферо фаромӯш кунед.

Мева, сабзавот, кабудӣ ва чойи кабуд ҳам барои нигоҳ доштани пӯсти рӯйи ботароват ва бадани обутобёфта ниҳоят муфиданд.

Сабаби дигари пайдо шудани гармичаҳо дар рӯй - ин бад шудани кори рӯдаҳо мебошад. Барои ҳамин, кӯшиш кунед, ки кори рӯдаҳоро ба низом дароред. Барои ин, ҳар саҳар оби намакин (як қошуқча намак дар ним литр об), пас аз 30 дақиқа як истакон кефир нӯшед. Хоҳед, ки ин амал натиҷаи дилхоҳ диҳад, яъне рӯдаҳоятон тозаву гармичаҳои рӯятон гум шаванд, пас кӯшиш кунед онро чанд муддат пайи ҳам иҷро намоед. Оби шӯр пасмондаҳои хӯроки ҳазмнашудаи меъда ва рӯдаҳоро ҷамъ намуда, онҳоро аз организм хориҷ мекунад, кефир бошад, боқимондаҳои онро мешӯяд.

Нӯшидани оби чашма ё оби бегаз ҳам организмро солим нигоҳ медорад, ҳам пӯсти рӯйро аз пайдошавии ҳама гуна гармичаҳо муҳофизат мекунад. Барои ин, лозим аст, ки рӯзе 2-2,5 литр об нӯшед.

Барои аз гармичаҳои рӯй халос шудан ба тозагӣ риоя кардан ва нигоҳ доштани вазъи саломатии худ дар ҳолати муътадил лозим аст. Бузургон беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар як шахс худи ӯст.

Ҳамеша зебову солим бимонед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД