arzon replenishment
Роҳҳои пешгирии кабудcулфа
821

Бемории кабудсулфа бемории шадиди сироятии роҳҳои нафас буда, ба он бештар кӯдакон гирифтор мешаванд. Ин беморӣ аз шахси мариз ба одамони солими дар гирду атрофаш буда ҳангоми атса задан, сулфа кардан ва тамоси зич сироят мекунад. Тавре Маҳмудҷон Алиев, мудири шуъбаи бахши сироятии Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Ахмедов Карим дар суҳбат қайд кард, ягона роҳи пешгирӣ аз кабудсулфа - ин ваксинагузаронӣ бар зидди ин беморӣ мебошад.

Духтурони эпидемиолог низ таъкид мекунанд, ки бояд кӯдакон аз рӯи Тақвими миллии иммунизатсия эм карда шаванд, зеро роҳи асосии пеширии бемории кабудсулфа ва дигар бемориҳои сироятии ниҳоят хатарнок - ин ваксинагузаронӣ бар зидди беморӣ мебошад.

Чаро баъд аз ваксина кӯдак таб ва нороҳатӣ мекунад? Худи ваксина аз чӣ таркиб ёфтааст, ки ҳолати кӯдакро тағйир медиҳад? Бемории кабудсулфа то кадом андоза барои кӯдак хатарзо аст, ки бояд ваксина гузаронида шавад? Ҳамсуҳбати мо Маҳмудҷон Алиев, мудири шуъбаи бахши сироятии Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Ахмедов Карим посух дод.

- Тибқи адабиёти соҳаи тиб, бемории кабудсулфа бемории кӯдакона аст. Мегуфтед, ки кадом гурӯҳи кӯдакон бештар аз ин беморӣ азият мекашанд?

- Гурӯҳи осебпазир ба ин беморӣ кӯдаконе ҳастанд, ки иммунизатсия нагирифтаанд. Волидон бояд кӯдаконашонро дар синни 2-3-4-моҳагӣ ва 1-4-моҳагӣ барои ваксина бар зиддӣ кабудсулфа, ки дар марказҳои саломатии минтақаашон мегузаронанд, муроҷиат намоянд. Бемории кабудсулфа бемории идорашаванда буда, ба воситаи ваксинатсия сатҳи гирифторшавӣ дар ҷомеа хеле паст шудааст. Аксари одамон аз надоштани фарҳанги тиббӣ, фикр мекунанд, ки баъд аз ваксина ҳолатҳои тахаллуҷӣ, яъне судоргӣ ба миён меояд. Аз тарси ҳамин фарзанди худро аз ваксинагузаронӣ дур мекунанд. Бори дигар қайд кардан бамаврид аст, ки ягона роҳи пешгирии ин беморӣ ваксина бар зидди кабудсулфа мебошад.

- Оё шахсоне ҳастанд, ки умуман бемории кабудсулфа намешаванд?

- Бале, боз ҳам такрор мешавад. Чунин шахсон ҳамон гурӯҳе ҳастанд, ки ваксинаи зидди бемории кабудсулфаро гирифтаанд. Шахсоне, ки ваксинаро нагирифтаанду бо бемор тамоси наздик доранд ва масъунияти онҳо баланд аст, онҳо гирифтори беморӣ мешаванд, вале ба таври сабук мегузаронанд.

- Аломатҳои беморӣ кадом аст? Оё модари бемордошта аз рӯи кадом ҳолати фарзандаш муайян карда метавонад, ки ба бемории кабудсулфа гирифтор шудааст?

- Давраи ниҳоии беморӣ 14 рӯз буда, пас аз ин муҳлат аломатҳои беморӣ намоён мешаванд, ки давраи аввал назлавӣ ва баъдан сулфаи хуруҷнок мебошад. Давраи назлавӣ, яъне нишонаҳои бемории зуком- ҳарорати баланди бадан, сулфа, атсазанӣ, рехтани оби бинӣ, хориши гулӯ дар бемор дида мешавад. Дар давраи баъдӣ - яъне сулфаи хуруҷнок аст, ки дар натиҷаи сулфаи пай дар пай чеҳраи бемор сурхи баланд шуда, баъдан аз сулфаи зиёд кабуд мешавад, ки он ба манъ шудани нафастангӣ мерасад. Ҳолати нафастангӣ дар ин самт хеле ташвишовар аст, чунки вақти нафастангӣ гази карбон аз меъёр зиёд шуда, миқдори оксиген кам шуда, майнаи сари кӯдак варам мекунад, ки ба ҳолати марг оварда мерасонад.

- Чӣ боис мешавад, ки ҳолати кӯдак то ба нафастангӣ оварда мерасонад, дер муроҷиат кардан ё омили дигаре вуҷуд дорад?

- Чунин ҳолатҳо кам аст. Асосан дар ҳолати вазнин қарор доштани кӯдак, ҳасосияти организми ӯ ба маводҳои доруворӣ, маводҳои ғизоӣ зиёд бошад, дар вақти сулфаи хуруҷкунанда ба ҳолати нафастангӣ оварда мерасонад, зеро дар ин ҳолат аз усулҳои ёридиҳанда ба таври дилхоҳ расонида намешавад.

- Давомнокии сулфаи хуруҷнок чанд муддат аст?

- Давомнокии сулфаи хуруҷнок то ду моҳ мебошад. Кӯдакон дар байни хуруҷҳо худашонро нағз ҳис мекунанд. Ҳангоми сулфа набудан, вақте муоина мекунед, ягон нишонаҳои назлавӣ, заҳролудӣ нест, кӯдакон фаъоланд. Вақте сулфа пайдо мешавад, нишонаҳои беморӣ дида мешавад.

- Давраи ниҳоӣ 14 рӯз аст ва волидон фикр мекунанд, ки фарзандашон зуком шудааст ва ба худмуолиҷакунӣ машғул мешаванд. Оё чунин ҳолатҳо аз даври сабук ба давраҳои вазнини беморӣ гузаштан замина мегузоранд?

- Аксари бемороне, ки мо дар шуъба қабул мекунем, кӯдаконашон 2-3 ҳафта ва ҳатто як моҳ пеш бемор шудаанд. Бемор худмуолиҷа мекунад. Ба сабаби он ки муолиҷаи нодуруст мекунад, раванди беморӣ вазнин мегузарад. Мутаассифона фисади зиёди беморон дар давраи сулфаи давомдор муроҷиат мекунанд.

- Чаро кабудсулфа мегӯянд?

- Беморӣ аз рӯи сулфаи хуруҷнок муайян карда мешавад. Яъне бемор дар як шабонарӯз 10 маротиба сулфаи хуруҷнок кард, давраи сабук аст. Дар ҳолати миёна бошад, дар як шабонарӯз то 20 маротиба сулфа мекунад. Аз 25 маротиба зиёд сулфа кунад, ҳолати вазнини беморӣ маҳсуб меёбад. Табиист, ки вақте кӯдак сулфаи хуруҷнок мекунад, чеҳра ва лабонаш кабуд мешаванд ва ба ин хотир кабудсулфа меноманд.

- Барои паст кардани хатари сулфаи давомдор бояд чӣ гуна парҳез кунанд?

- Аз маҳсулоти ғизоӣ ҳолати беморӣ вобастагии зиёд дорад. Модароне, ки кӯдакони синни ширмак доранд, бояд аз маводҳои алергикӣ, ба монанди тухм, ош, шарбатҳо, баъзе кулчақандҳо, баъзе шоколадҳое, ки рангҳо ва хушбӯйкунанда доранд ва аз истифодаи атру хушбӯиҳо муваққатан даст кашанд.

- Чуноне, ки болотар қайд кардед, вақт барои табобати беморӣ хеле муҳим аст ва аз даст додани он барои саломатӣ ҳатто хатарзо мебошад. Вале гурӯҳе аз одамон барои рафъи беморӣ зиёрати мазору сангҳоро интихоб мекунанд. Назари шумо дар ин маврид чӣ гуна аст?

- Воқеан ҳам, мо шоҳиди чунин ҳолат шуда будем, ки бемор меояду барои 2-3 соат рухсат мепурсад, ки кӯдакашро ба гирди санги кабуд барад, ки ин асоси воқеӣ надорад, чунки ҳолати бемор пеш аз рафтан ба санги кабуд ва баъди омаданаш як хел аст. Дар ҳолате, ки онҳо ба берун мебароянд, ҳавои тозаро нафас мекашанд, миқдори оксиген дар майнаи сар ва хуни кӯдак зиёд мешаваду ҳолатҳои хуруҷ кам мешавад, онҳо фикр мекунанд, ки камшавии сулфа аз ҳисоби мазор ё санги зиёраткардаашон мебошад, ки ин баҳогузорӣ хато аст.

- Саволи матраҳ ин аст, ки чаро организми қисми зиёди кӯдакон баъд аз ваксинагузаронӣ тағйир меёбад. Чунин тағйирёбиро метавон ҳолати муқаррарӣ гуфт ва умуман ваксина худаш чӣ аст?

- Баъди ҳар як ваксинагузаронӣ, новобаста аз он ки бар зидди бемории кабудсулфа аст ё гулафшон ё кузоз, сурхакон аст, ҳатман дар организм табаддулоти органикӣ, биокимиёвӣ ва иммунологӣ ба вуҷуд меояд. Ваксинагузарониро ба таври сабук дар организми кӯдак ворид мекунем. Ин амал то ҳолати беморӣ оварда намерасонад, балки ҳолати шиносшавӣ аст.

Ваксина аз худи микробҳо, заҳрҳо ва микробҳои сустакардашуда омода мешавад, ки тариқи қатравӣ ва сӯзанзанӣ ба организми кӯдак ба хотири организми кӯдак ба ҳамон микроб рӯ ба рӯ шуда, вохӯрӣ кардан ва шинос шудан ворид карда мешавад. Баъд аз шиносоӣ бо системаи иммунологии кӯдак ҳолатҳои гуногун, аз қабили ҳарорати баланд, гум шудани иштиҳо, дилбеҳузурӣ ва гоҳо қайкунӣ ба вуҷуд меояд, ки ҷои нигаронӣ надорад. Магар хуб нест, ки кӯдак се рӯз таб кунаду тамоми умр аз беморӣ эмин бошад?!

- Роҳҳои пешгирӣ ва табобати беморӣ чӣ гуна аст?

- Роҳи асосии пешгирии бемориро дар боло зикр кардем. Воситаи дигар - ин нигоҳубини кӯдак, баланд бардоштани мусунияти кӯдак, риоя кардани реҷаи санитарӣ-эпидемиологӣ, яъне дар тамоси наздик ба шахси бемор ниқоб пӯшида, хатари гирифторшавиро кам мекунад. Табобати беморӣ дар беморхона ва аз рӯи таъиноти маводҳои доруворӣ гузаронида мешавад.

Маҳина ДАВЛАТОВА, хабарнигор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД