new banner new years
Роҳҳои нозанин шудани зан дар рӯзи аввали Соли Нав
332



Мехоҳед, дар рӯзҳои солинавӣ пӯсти рӯятон зебову ботароват ва ҷавону дилкаш бошад? Пас, аз ин ретсептҳои мо якеашро интихоб намоед.

Хушкии пӯстро рафъ месозем

Барои рафъ намудани хушкиву кашидашавии пӯсти рӯй, аз банан малҳами ғизобахш омода созед. Як банани миёнаҳаҷмро кӯфта, ба он 1 қошуқча малҳами ғизобахш, 1 қошуқча равғани зайтун ва ним қошуқча шарбати лимӯ илова намуда, нағзакак омезед. Малҳами тайёршударо ба пӯсти рӯй молида, 15-20 дақиқа нигоҳ дореду сипас бо оби ширгарм шӯед.

Вараму сиёҳии таги чашмро рафъ месозем

Картошкаи хомро аз турбтароши сӯрохиҳояш хурд гузаронида, ба пӯсти атрофи чашм гузореду 20 дақиқа нигоҳ доред. Ин сабзавот оби зиёдатиро аз пӯсти атрофи чашм ҷабида мегирад. Таги чашмонатон сиёҳ мешуда бошад, 2 халтача чойи кабуд ё сиёҳро дар оби ҷӯшида андохта то хунук шуданаш нигоҳ доред ва сипас халтачаҳои чойдоштаро ба болои чашмонатон гузошта 15-20 дақиқа об равед. Ба ғайр аз халтачаҳои чой, докачаҳои дар шир таркардашуда низ сиёҳиро нест мекунанд.

Давои пӯсти хаста

Барои рафъ намудани осори хастагӣ ва баргардонидани ҳусни рӯй аз кефир ниқоб омода созед. Барои ин ҳамагӣ 100-200 мл кефири равғанин лозим меояд. Давоми 15-20 дақиқа, кефирро чанд маротиба ба рӯятон молида, сипас бо оби ширгарм шустушӯ кунед.

Пӯстро ботароват созед

Пӯстатон равғанин бошад, сафедии тухм, равғани зайтун ва чанд қатра лимӯро омехта карда ба рӯятон молед.
Ба бонувони пӯсти рӯяшон хушк тавсия медиҳем, ки фаллаву сметанаро омехта намуда, то яклухт шуданаш аралаш карда ба пӯсти рӯйшон моланд.
Рафту пӯсти рӯятон на равғанину на хушк, яъне муътадил бошад, як дона банани пӯсткардаро кӯфта, як қошуқ шарбати навҷабидаи грейпфрутро илова кунеду ба пӯсти рӯятон молед.

Зебо шудан мехоҳед?

Барои рафъ намудани рангкандагӣ аз ниқобҳои ғизобахш ва меваву сабзавотҳо истифода баред.
Барои пӯсти хушк: 2 сабзии миёнаҳаҷмро аз турбтароши сӯрохиҳояш хурд гузаронида, бо зардии як дона тухм омезеду ба пӯсти рӯятон молед. Баъди 10-15 дақиқа бо оби ширгарм шустушӯ кунед. Барои пӯсти муътадил ва омехта: Сафедии тухмро бо 2-3 қошуқ шарбати бутамеваи калина омехта намуда ба пӯсти рӯятон моледу 10-15 дақиқа нигоҳ доред, сипас рӯятонро бо оби ширгарм шӯед.

Пӯстатон ялаққос мезанад?

Пӯсти рӯятон равғанин бошаду ялаққос задани рӯятон табъатонро хираву макияжи шуморо вайрон намояд, аз маслиҳати косметологон истифода баред. Дар бонкачае каме об ва сиркои сафедро омезиш дода, докачаеро дар он тар карда, рӯятонро молиш диҳед. Сирко равған ва ифлосиҳои дар сӯрохичаҳои хурди пӯст дармондаро тоза мекунад. Амалиёти мазкурро қабл аз пардоз иҷро намоед, он гоҳ усмаву сурмаи молидаатон то дергоҳ боқӣ мемонад.

Шустушӯ бо ях

Пӯсти рӯйро бо истифода аз пораҳои ях чандиру рухсораҳоро лолагун кардан мумкин аст. Пораҳои яхро аз гиёҳоби бобуна ё шарбати калина омода карда метавонед. Расиши пораҳои як бояд сабук бошад. Дар рӯй нигоҳ доштани пораҳои ях аз 1-2 сония зиёдтар мумкин нест, чунки пӯст осеб меёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД