Таътили тирамоҳии хонандагон ба охир расида, дар тамоми мактабҳо боз дарсҳо сар шуданд. Падару модаронро лозим аст, ки ба саломатии фарзандонашон диққати ҷиддӣ диҳанд, зеро дар моҳи ноябр ҳаво боз ҳам сардтар гашта, бемориҳои сироятӣ, махсусан грипп авҷ мегирад.
Зуком бемории гузаранда аст ва ба осонӣ аз кӯдаки бемор ба дигар бачаҳо мегузарад. Дар синф, агар як талаба ба зуком гирифтор бошад, натанҳо ҳамсинфонаш, балки дигар хонандагони мактабро низ сироят карда метавонад. Ба хотири пешгирии ин беморӣ имрӯз мо дар бораи роҳҳои муҳофизати кӯдакони мактабхон аз зуком маълумот медиҳем.
1. Барои пешгирии зуком кӯдакони мактабхонро аз ин беморӣ эм кардан мумкин аст. Қабул кардани ваксина имкон медиҳад, ки дар ҷисми кӯдак антителаҳо ҳосил шуда, муқобили беморӣ мубориза баранд.
2. Маъмулан зуком бо баландшавии ҳарорати бадани кӯдак, табларза, беҳолию бемадорӣ, дарди сар, атсазании бардавом ва гум шудани иштиҳо сар мешавад. Бо пай бурдани ин нишонаҳо волидон бояд фавран ба духтур муроҷиат намоянд.
3. Маъмулан табибон ба кӯдаконе, ки ба зуком гирифтор шудаанд, вобаста ба дараҷаи вазнинии беморӣ аз 3 то 7 рӯз реҷаи бистарӣ тавсия медиҳанд. Назорат баред, ки кӯдак ҳатман реҷаи бистариро риоя намояд.
4. Хонаи хоби тифли беморро аз кӯдакони солим ҷудо кунед, то ки бемориаш ба дигар кӯдакон сироят накунад. Чойнику пиёла, коса, қошуқ ва дигар асбобҳое, ки кӯдаки бемор истифода мебарад, бояд алоҳида бошанд. Ҳавои хонаи хоби кӯдаки беморро тез-тез тоза карда, фаршашро бо латта тар бишӯед.
5. Вақте ки кӯдак бемор мешавад, аксари волидон бе тавсия духтур аз дорухона ҳар хел доруҳои зидди зукомро харида, ба фарзандашон медиҳанд, ки ғалати маҳз аст. Доруе, ки шумо бе тавсияи духтур ба кӯдак медиҳед, ба ҷойи шифо бахшидан, баръакс зарар расонида метавонад, масалан антибиотикҳо ба зӯком заррае фоида надоранд, вале зарарашон хеле зиёд аст. Сулфаниламидҳо ҳам ба вирусҳо таъсир намерасонанд.
6. Ба кӯдаки ба зуком гирифторшуда ба ҳеҷ ваҷҳ “Аспирин” додан мумкин нест, чунки ин дору хатари авҷ гирифтани синдроми Реяро ба миён меорад, ки боиси варами майнаи сари кӯдак, қайкунию дилбеҳузурӣ ва гоҳе ҳатто аз ҳуш рафтани кӯдак гашта метавонад. Ба кӯдакони то 12-сола “Аналгин” ҳам додан мумкин нест, зеро он метавонад ба гурдаҳо ва ҷигари кӯдак осеб расонад. Беҳтараш ба кӯдаки бемор танҳо ҳамон доруҳоеро диҳед, ки табиб таъин мекунад.
7. Ба тозагӣ риоя намоед. Ҳавои манзили худро тез-тез тоза карда истед ва назорат баред, ки ҳар бори ба ҳоҷатхона рафтан кӯдакон дастонашонро ҳатман бо собун тоза бишӯянд.
8. Кӯдаки ба зуком гирифторшуда бояд тез-тез об нӯшад. Дар ин давра махсусан нӯшидани чой бо лимӯ фоидабахш аст. Ба ҷойи обҳои газнок ба кӯдак чойи оддӣ, сок ё компоти мевагӣ диҳед.
9. Дар давраи беморӣ ҷисми кӯдак ба витаминҳо бештар ниёз пайдо мекунад, бинобар ин, ба фарзандатон меваю сабзавоти тару тоза диҳед, махсусан хӯрдани киви, мандарин, апелсин ва банан фоида дорад.
10. Фарзанди шумо ба зуком гирифтор бошад, тавсия диҳед, ки ҳатман ниқоби тиббӣ - маска пӯшад, то ки бемориаш ба дигар кӯдакони дар оила ва мактаб буда сироят накунад.