Аксари кӯдакон аз кирми рӯда азият мекашанд. Кирми рӯда - ин паразитҳое мебошанд, ки бо роҳҳои гуногун ба органзими инсон, бештар кӯдакону наврасон меафтанд.
Кирм чӣ тавр ба организми кӯдак меафтад?
Сабабҳои асосии пайдоиши кирм дар организми кӯдакон ин хӯрдани меваю сабзавоти ношуста, бо дастони ифлос ғизо истеъмол намудан ва тамоси наздик бо ҳайвоноти хонагӣ аз қабили сагу гурба мебошад. Пашшаю хомӯшакҳо низ дар пойҳои худ тухми паразитҳоро меоранд ва ҳангоми нишастан дар болои дастурхон, ба рӯйи маводи хӯрока ва дигар гӯшаву канорҳои хона онҳоро паҳн мекунанд. Оббозӣ кардан дар обҳои ифлос низ боиси пайдо шудани кирм дар рӯдаҳои кӯдак гашта метавонад. Кирмҳо тавассути истеъмоли гӯшти нимхом ҳам ба ҷисми инсон роҳ ёфта метавонанд. Сарчашмаҳои дигари беморӣ ин нӯшидани оби ноҷӯшида ва истифодаи оби аз чоҳи гирифташуда мебошад.
Чаро бештар кӯдакон аз кирми рӯда азият мекашанд?
Сабаби назар ба калонсолон аз кирми рӯда бештар азият кашидани кӯдакон дар он аст, ки системаи муҳофизатии ҷисми атфол нисбатан заифтар аст. Баъдан кӯдакон одати баде доранд-ҳар чизи аз пешашон баромадародарҳол ба даҳонашон меандозанд. Сагу гурбадӯстдорӣ омили дигари афзоиши кирми рӯда дар кӯдакон мебошад.
Нишонаҳои кирми рӯда
Хориши маъқад, гум шудани иштиҳо ё баръакс якбора пурхӯр шудани кӯдак, бошиддат лоғар шудан, дамиши шикам, вайроншавии реҷаи хоб, асабонияту нооромӣ, дилбеҳузурӣ, баъзан қайъ кардан нишонаҳои асосии мавҷудияти кирм дар рӯдаки кӯдак аст. Бар асари кирми рӯда миқдори гемоглобин дар ҷисми кӯдакон кам шуда,системаи муҳофизатии организм- иммунитети кӯдак паст мешавад, бинобар ин, сари вақт аз паси табобат шудан лозим аст.
Ташхиси кирми рӯда
Кирми рӯда намудҳои гуногун дорад. Барои фаҳмидани он ки дар ҷисми фарзанди шумо маҳз кадом намуди кирм пайдо шудааст, бояд ба духтур муроҷиат намуда, ахлоти кӯдакро супоред.
Пас аз ташхис табиб бо дарназардошти намуди кирм ба кӯдак табобат мефармояд.
Барои ба пуррагӣ аз кирми рӯда халос шудан натанҳо кӯдаки кирм дошта, балки тамоми аъзоёни оила бояд табобат бигиранд, зеро кирми рӯда гузаранда аст.
Усулҳои халқии табобати кирми рӯда
Барои халосӣ аз кирми рӯда аз усулҳои халқӣ ҳам истифода бурдан мумкин. Аз ҷумла сир-чеснок дар табобати кирми рӯда хеле таъсирбахш мебошад.
Давоҳо аз кирми рӯда
Нусхаи 1
Шаш дандона сирпиёзро гирифта ба зарфе андозед ва аз болояш об рехта, дар оташи паст то ҷӯшидан расонед. Пасон оташро хомӯш кунед ва монед 30 дақиқа истад.
Оби сирпиёзро аз дока полонда, ҳар шаб бо ҳамин об фарзандатонро ҳуқна-клизма кунед. Амали мазкурро як ҳафта идома диҳед, аз кирмҳои рӯда халос мешавед.
Нусхаи 2
3 сар чеснок ва як дона пиёзро майда карда ба зарфе андозед ва аз болояш оби гарм рехта, монед 15 дақиқа истад. Пас аз ин обро аз дока полонда, бо миқдори баробари оби ҷӯшидагӣ омехта созед. Давои ҳосилшуда набояд аз 2 литр зиёд шавад. Ба он як қошуқ шарбати нав ҷабидаи лимӯ андозед ва бо ҳамин даво кӯдакро ҳуқна-клизма кунед. Пас аз 3-4 маротиба ҳуқна кардан кирмҳо несту нобуд мешаванд.
Нусхаи 3
Як қошуқ гиёҳи пижмаро гирифта ба зарфе андозед ва аз болояш ним литр оби ҷӯшомада рехта, то хунук шудан нигоҳ доред. Онро аз дока полонда дар ҳолати ширгарм буданаш бо ҳамин об дар як рӯз 1 маротиба кӯдакро ҳуқна кунед.
Нусхаи 4
Барои халосӣ аз кирми рӯда донаи каду низ ёрӣ мерасонад. Ба кӯдак ҳар рӯз як каф донаи сабзи каду диҳед, дар бадали ду ҳафта кирмҳои рӯдааш нест мешаванд.